Қабули барномаҳои давлатии рушди хоҷагии ҷангал

Август 15, 2012 09:00

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар доираи «Барномаи давлатии рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015» ва «Барномаи парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2006 -2014» корҳои судманд анҷом дода шудаанд,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат (солҳои 2006 то моҳи июли 2012) дар майдони 1607 гектар корҳои бунёд ва барқарор кардани ҷангалзор анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар давоми соҳои 2006 -2011 дар 605 гектар сабзиши пурраи даҳҳо навъи дарахтони босамару сояафкан бо роҳи кишту парвариши он таъмин гардид. Дар давоми шаш соли охир дар майдони 1002 гектар садҳо ҳазор ниҳоли дарахтони босамару сояафкан ва гулу буттаҳо шинонида шудаанд. Аз миқдори умумии замини ҷангали бунёдгардида, барои беҳдошти чарогоҳҳои фонди давлатии ҷангал дар масоҳати 244 гектар, аз ҷумла дар хоҷагии ҷангали вилояти Суғд 64 гектар, ба номи Ҳувайдуллоев -80, Шаҳритус-60 ва хоҷагии ҷангали ноҳияи Қубодиён дар майдони 40 гектар тухми саксавул кишт шудааст, ки ба иқлими ин ҷойҳо хеле мувофиқ аст.

Август 15, 2012 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад