Қабули эътимоднома аз тарафи Ҳ. Зарифӣ
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириш Манаклал Сониро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун табодули назар намуданд. Ҳамчунин вазир изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ саҳми сазовор хоҳад гузошт. Тибқи иттилои манбаъ, сӯҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






