Ҷазои аъмоли қаллобон

Август 27, 2012 16:32

Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноиро нисбат ба судшавандагон Ҳодиҷон Сафаралиевич Кобулов, Ташрибҷон Боқиевич Зокиров, Сайфулло Хушвахтович Лоиқов ва Баҳром Хушвахтович Лоиқов ба итмом расонид, ки ин парвандаҳо аз ҷониби суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва нисбат ба ин ашхос ҳукмҳо содир шуданд.Дар солҳои охир ашхоси ҷиноятпеша худро ба шаҳрвандон ҳамчун кормандони мақомоти прокуратура ва ё хешу табори онҳо муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва соҳиб шудан ба боварӣ барои ба манфиати онҳо ба анҷом расонидани кор ё хизмати муайян маблағҳо ва ё амволи шаҳрвандонро азхуд намудаанд.Чунончӣ, Ҳодиҷон Кобулов, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекард, дар давоми солҳои 2010-2012 худро ба шаҳрванд Убайдуллоев ҳамчун корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, аз вай гӯё барои аз маҳбас озод кардани фарзандаш Ҷӯрабек Хушмуродович Убайдуллоев, ки бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2011 ба мӯҳлати 20 сол ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шуда буд, 3900 доллари ИМА маблағро гирифта, тасарруф намудааст.Бо ҳукми суди ноҳияи Сино аз 16 августи соли 2012 Ҳодиҷон Кобулов барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ тибқи моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардид. Ҳамчунин тибқи маслиҳати пешакӣ Ташрибҷон Зокиров, Сайфулло Лоиқов ва Баҳром Лоиқов худашонро ба шаҳрванд Қурбонов Анвар ҳамчун хешу табори корманди воломақоми Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, ба боварии ӯ даромада, аз вай бо роҳи фиреб, барои гӯё ба мақомоти прокуратура ба кор қабул намудани ӯ 3773 доллари ИМА-ро гирифта, тасарруф намудаанд.Бо ҳукми Суди ноҳияи Сино Ташрибҷон Зокиров, Сайфулло Лоиқов ва Баҳром Лоиқов барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шуданд. Аз ин хотир, аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки фирефтаи суханони чунин ашхоси қаллоб нашаванд ва барои ҳимояи ҳукуқ ва озодиҳои худ ба тариқи расмӣ ба мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Август 27, 2012 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд