Афзоиш ва ё коҳиши нарх дар бозорҳо?

Август 8, 2012 16:33

Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар давоми шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 372,2 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 13,2 ҳазор тонна ё ба андозаи 2,7 фоиз зиёд аст. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар давоми шаш моҳи соли 2012 воридоти орд 190,3 ҳазор тонна ва гандум 343,9 ҳазор тоннаро ташкил дод. Нархи миёнаи воридоти орд барои як тонна ба 363 доллари ИМА ва гандум ба 213 доллари ИМА рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 орд 42 доллар барои як тонна ва гандум 60 доллари амрикоӣ барои як тонна коҳиш ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз дар бозорҳои пойтахт нархи миёнаи фурӯши орди навъи якуми истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон 136,2 сомониро ташкил медиҳад, ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта нархи орд ба 136,5 сомонӣ баробар буд. Мувофиқи меъёрҳои физиологӣ барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо орд ва маҳсулоти ордӣ дар давоми шаш моҳ 536,1 ҳазор тонна орд зарур аст. Дар маҷмӯъ истеҳсол ва воридот 595 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки ин талаботи умумии аҳолиро 11% барзиёд қонеъ мегардонад. Новобаста аз он, ки ҳаҷми истеҳсол ва воридоти орд талаботи аҳолии ҷумҳуриро мувофиқи меъёрҳои физиологӣ таъмин менамояд, болоравии нарх дар бозорҳои истеъмолӣ мушоҳида карда мешавад. Дар давоми даҳ рӯзи охири моҳи июли соли равон дар бозорҳои пойтахт нархи орди истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон аз 110 то 150 сомонӣ, гӯшти гов аз 32 то 35 сомонӣ, картошка аз 2 то 2,5 сомонӣ ва сабзӣ аз 2 то 3 сомонӣ афзудааст. Ҳамин тавр, дар ин давра нархи миёнаи орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 131,7 сомонӣ, орди навъи дуюм 106 сомонӣ, орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 136,2 сомонӣ ва навъи 2-юмаш 110 сомониро ташкил додааст. Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ ва ба ин восита расонидани таъсири мусбат ба нигоҳдории болоравии нархи маводи озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» ба тавсиб расид. Тибқи қарори мазкур ба соҳибкорон ва роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳри Душанбе тавсия дода шудааст, ки аз 19 июл то 20 августи соли равон ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ маводи асосии истеъмолӣ бо нархҳои арзонтар пешкаш карда шаванд. Аз ҷумла, як халта орди навъи «Шамалған»- и истеҳсоли Қазоқистон то 110 сомонӣ манзур карда шавад. Таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар бозорҳои пойтахт шаҳодат аз он медиҳанд, ки ба афзоиши беасоси нархи маҳсулоти аввалиндараҷа сабабҳои зерин боис гардидаанд: афзоиши талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти босифатӣ озуқа, баланд шудани нархи ҷаҳонии маҳсулоти ғалладона бо сабаби боду ҳавои номусоид дар мамлакатҳои асосии ғаллакор. Бояд гуфт, ки мутобиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ хушксолӣ дар Украина, Федератсияи Русия ва Қазоқистон, инчунин сар задани обхезиҳо дар давлатҳои Аврупа ба афзоиши нархҳои истеъмолӣ таъсири худро расонида, ҳанӯз аз нимаи дуюми моҳи июни соли равон то 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар давоми соли 2011 дар ҷумҳурӣ 601,2 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки тибқи меъёрҳои физиологии талабот дар ин давра 1058,8 ҳазор тоннаро тақозо менамояд. Яъне, истеҳсоли дохилӣ танҳо 56,8 талаботи аҳолиро қонеъ гардонидааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июли соли 2011 «Оид ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ барои солҳои 2012-2014» дар соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 1 млн. 251,4 ҳазор тонна ғалла пешбинӣ шудааст, ки аз ин тақрибан 863,6 ҳазор тоннааш гандум мебарояд ва дар таносуб бо орд 639,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки тақрибан 60% талаботи аҳолиро қаноатманд мегардонад.

Август 8, 2012 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст