Аввалин намоишгоҳи гулҳои хонагӣ дар пойтахт

Август 29, 2012 17:15

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар» Сарвинози Рӯҳуллоҳ). — Имрӯз аввалин маротиба дар Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» намоиши гулҳои хонагӣ баргузор гардид. Дар намоишгоҳ теъдоди зиёди растаниҳо, аз ҷумла 70 намуди гулҳои хонагӣ ба намоиш гузошта шуд. Фирӯза Зоирова, мудири шӯъбаи илмии растанипарварӣ, ки яке аз ташкилкунандагони ин чорабинӣ буд, дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ Ховар ҳадафи ташкили намоишгоҳро бо гулҳои зебо таъмин намудани муассисаҳои давлатӣ ва хонаҳои сокинон унвон кард. Ба гуфти номбурда дар ин намоишгоҳ, ки бори аввал барпо шуд, бештар аз 2 ҳазор дона гули хонагӣ бо нархи арзон ва мувофиқ ба хости харидорон пешкаши дӯстдорони гулҳо гардид.  — Мо дар аввал гулҳоро парвариш мекардем ва танҳо аз ин гулҳо муассисаҳои давлатӣ, мактабу кӯдакистонҳо харидорӣ мекарданд. Баъдан мо тасмим гирифтем, ки намоишгоҳи махсуси гулҳоро баргузор кунем, то тамоми сокинон ва меҳмононе, ки дӯстдори гул ҳастанд, аз он озод харидорӣ намоянд. Аз ҷониби дигар чунин намошгоҳи гулҳо метавонад барои парвариши гул дар хонаҳои истиқоматии сокинони кишвар мусоидат намояд, зеро қисми зиёди ин навъи гулҳо аз хориҷи кишвар оварда шудаанд ва на ҳама метавонанд онҳоро парвариш кунанд, зеро дар марҳилаи аввал нигоҳубини онҳо каме мушкилӣ пеш меорад. Аз ин хотир мутахассисони касбии ин соҳа солҳои тӯлонӣ онҳоро тарбия намуда, ба шароити кишвари мо мутобиқ мекунанд ва харидорони гул низ метавонанд беташвиш онро харид кунанд,-гуфт Фирӯза Зоирова. Масъулини «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» мехоҳанд, ки бо баргузории чунин намоишгоҳҳо ва парвариши гулҳои хонагӣ барои шаҳрвандон имконоти дастрасӣ доштан ба чунин гулҳо дар хона ва коргоҳҳои худро дар тамоми сол фароҳам биёранд. Бунафша, як сокини пойтахт, ки бори аввал аз чунин намоишгоҳ дидан мекард, бо истиқбол иброз дошт, ки дар хонааш гулҳои зиёдеро парвариш мекунад ва мақсад аз омаданаш ба ин ҷо ошноӣ бо мутахассисони ботаҷрибаи гулпарвар ва харидории гулҳоест, ки то имрӯз дар хонааш парвариш накардааст. –Ман ҳамеша ниҳолаки гулҳоро аз кӯчаву бозорҳо харидорӣ мекунам. Аммо на дар ҳама ҳолат он сабз мешавад, зеро баробари дигар шудани обу ҳаво ва муҳит он зуд хушк мешавад. Хуб аст, вақте ки дар кишвари мо низ чунин намоишгоҳҳо роҳандозӣ мешаванд ва гулҳои ба муҳити кишвар мутобиқ кардаи мутахассисонро харид мекунем. Аз як тараф гул хонаро зеб диҳад, аз ҷониби дигар дидани гул дар хона инсонро хушҳол мегардонад,-гуфт ӯ. Табибон низ мегӯянд: нигоҳубини гул дар хона метавонад рӯҳияи инсонро болида кунад, зеро бештари гулҳои хонагӣ хусусияти худро дошта, барои оромии асаб метавонанд кӯмаки бештар кунанд. Гавҳар Гадоева, ки ба ҳайси табиб дар беморхонаи Қарияи Болои пойтахт фаъолият дорад, таъсири парвариши гул ва хусусияти онро дар хона гуногун арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, яке аз омилҳои бештар таваҷҷӯҳ кардани сокинон ба гулҳо дар он аст, ки агар дар хона гул бошад, ҳатман ҳавои он тоза ва нафаскашӣ дар он беҳтар аст. Аммо аз ҷониби дигар, мегӯяд номбурда, на ҳама навъи гул метавонад барои инсонҳо писанд бошад, аз он хотир, ки парвариши гулҳо ба хислати инсонҳо низ вобаста аст. Дар ҳамин ҳол масъулини боғи мазкур гуфтанд, тасмим доранд, ки намоиш ва фурӯши гулҳои хонагиро дар боғи мазкур тамоми сол ба роҳ монда, солҳои оянда теъдоди гулҳои хонагиро дар чунин намоишгоҳҳо то 20 ҳазор дона афзоиш диҳанд.

Август 29, 2012 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд