Бозгардонии ду тоҷик аз Абхазистон ба Ватан
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон — Абдуллоев Нурилло Ғайбуллоевич (зодаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд) ва Иброҳимов Суннатулло Маҳмадрауфович (зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон) аз Абхазистон тавассути қаламрави Федератсияи Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.Тибқи иттилои манбаъ, тоҷикистониёни номбурда, ки қаблан аз ҳудуди Русия ба Абхазистон ворид шуда буданд, мехостанд, ки боз ба Русия баргарданд, ба иллате аз сӯйи мақомоти марзбонии Русия иҷозаи вуруд наёфтанд, маҷбур шуданд, то 6 моҳ дар Абхазистон бимонанд.Бо кӯшишҳои Сафорат ва мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ба Н.Абдуллоев ва С.Иброҳимов барои бозгашт ба Тоҷикистон ба таври истисно иҷозаи убур (транзит) дастрас гардид.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






