Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Август 9, 2012 15:24

Ҳамлаи наҳанг ба варзишгари 22- сола Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар»).—Дар ҷазираи «Ренулион»-и Франсия чанд варзишгари сёрфингбоз ҷамъ омада, аз ҳукумадорон талаб доранд, ки онҳоро барои ба баҳр ворид шудан иҷозат диҳанд. Аммо ҳукуматдорон намегузоранд, ки варзишгарон ва мухлисони ин намуди варзиш ба об наздик шаванд, чунки дар соҳилҳои ин ҷазира наҳангҳо ҷамъ омадаанд. Ба гуфти котиби матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҳафтаи гузашта ба як варзишгари 22- сола наҳанг ҳамла карда, ўро ба ҳалокат расонид. Аз ин хотир комиссияи махсус таъсис дода шуда, муваққатан варзишгаронро намегузоранд, ки ба соҳил наздик шаванд.  Аврупо аз гармои тоқатфарсо ба ҷон омада Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар»).—Дар якчанд рӯзи охир аксар мамлакатҳои Аврупоро гармии тоқатфарсо фаро гирифтааст. Аз ин ҳолат аҳолии Италия, Сербия, Хорватия, Руминия ба мушкилоти зиёд рў ба рў гардидаанд. Мувофиқи васоити ахбори оммаи Аврупо сайёҳони зиёд истироҳатгоҳҳоро тарк менамоянд. Гуфта мешавад, ки бештар сайёҳони хориҷӣ аз идомаи истироҳат дар фароғатгоҳҳои Италия даст мекашанд. Дар ин давлатҳо ҳарорати ҳаво ба 44 дараҷа расида, шахсони зиёд аз таъсири гармо гирифтори беморӣ гардидаанд. Сокинони баъзе мамлакатҳои Аврупо вақтҳои охир боришотро ёд надоранд. Вобаста ба гармии ҳаво бисёр шаҳрвандони Италия вақти худро дар назди фаввораҳо мегузаронанд. Мувофиқи маълумоти мутахассисони марказҳои боду ҳавошиносӣ чунин гармии ҳаво дар мамлакатҳои Аврупо боз чанд рўзи дигар идома хоҳад ёфт.Даромади софи меҳмонхона- 104 милион евроМеҳмонхонаи овозадори олам «Интерконтинентал ҳотал групп» дар бораи зиёд шудани даромади худ ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфти роҳбари ширкат дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ даромади софи меҳмонхона 104 миллион евроро ташкил дод. Даромади меҳмонхона дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Роҳбарияти меҳмонхона ба саҳмиядорони худ маълумот додааст, ки ба онҳо қариб як миллиард доллар баргардонида мешавад. Ба иттилои маркази матбуоти меҳмонхона ин амал 31 дарсад афзоиш ёфтани даромади саҳмияҳоро нишон медиҳад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Август 9, 2012 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад