Дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ

Август 2, 2012 11:37

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва таъмини шаффофияти андозбандӣ, оммафаҳм ва содда намудани тартиби пардохти андозҳо, баҳисобгирии пурраи манбаъҳои андозбандӣ ва пешгирии ҳолатҳои рӯйпӯшкунии андозҳо ва дар ин замина устувор намудани даромадҳои буҷет пурра дарҷ гардидааст. Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо ҷалби васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мутахассисон, коршиносон, соҳибкорон, андозсупорандагон, шаҳрвандон, институтҳои байналмиллалии молиявӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия шудааст. Дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи ҷумҳурӣ Одинамаҳмад Саидхоҷаев иброз дошт, ки дар лоиҳаи Кодекси андоз номгӯи андозҳо нисбат ба Кодекси амалкунанда то 50 фоиз кам ва ба ҷои 21 намуд 10 намуд муқаррар шудааст, аз ҷумла: Андоз аз фурӯши чакана ҳамчун андози такроркунандаи ААИ пурра хориҷ карда шуд. Меъёри андоз ба фоида барои истеҳсолкунандагони молҳо аз соли 2017 аз 15% то 13% паст карда мешавад ва барои андозсупорандагони дигар аз 25% то 23% ҷорӣ карда мешавад. Меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз якуми январи соли 2015 50% кам карда шуда, соли 2017 пурра бекор карда мешавад. Андозҳои моҳиятан ба ҳам монанду ҳаммазмун, ба монанди андози замин — бо андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз коркарди молҳо — бо андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия, роялтӣ барои об – бо андозҳои истифодабарии захираҳои табиӣ, андози ҳадди ақал ва даромадҳо ба андоз аз фоида якҷо карда шуд. О. Саидхоҷаев ҳамчунин афзуд, ки андозҳои алоҳида бо панҷ низоми махсуси соддакардашуда барои соҳибкорони хурд, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, андозбандӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, андозбандӣ барои тиҷорати бозӣ, низоми имтиёзноки андоз барои сохтмони нерӯгоҳҳи барқӣ, коркарди нахи пахта, тақсими маҳсулот, минтақаи озоди иктисодӣ ба танзим дароварда мешавад. «Инчунин барои дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор имтиёзҳои андозӣ, аз ҷумла воридоти таҷҳизоти технологии ҳозиразамон ва чорвои хушзот аз ҳамаи намуди андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, ҳадди ақали даромад барои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 200 ҳазор сомонӣ 500 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд, таъсиси корхонаҳои нав оид ба коркарди пӯст, пашм, абрешими хом то маҳсулоти ниҳоӣ дар мӯҳлати панҷ сол аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда», — гуфт. О. Саидхоҷаев, -андози фоида ва андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешаванд, механизми андозбандии андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард куллан тағйир дода шуда, унсурҳои андозбандии дукаратаи он аз байн бурда шуд. Андозбандии андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ аз рӯи музди меҳнати миёнаи оморӣ хориҷ карда шуд. Чунин имтиёзҳои иловагии андозӣ дар лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав зиёда аз 50 номгӯйро бо маблағи 850-900 млн. сомонӣ ташкил медиҳад, ки он ба ихтиёри худи андозсупорандагон вогузор гардида, барои рушди соҳаҳои дахлдор равона карда мешавад. «Бояд гуфт, ки бо мақсади такмили маъмурикунонии андоз, кам кардани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути содда ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ шумораи эъломияҳо аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 50%, ҳисобҳои андозӣ то 60% ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои гумрукӣ то 30% кам шуданд»,- иброз дошт номбурда. Дар баробари ин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди афзоиши даромади буҷети давлатӣ ва дар ин замина таъмини ӯҳдадории давлат ҷиҳати пешбурди рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини афзалиятҳои аввалиндараҷа вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок гузошта шудаанд, ки барои дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Бо назардошти он, ки мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз якуми январи соли 2013 пешниҳод гардидааст, боз лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 июли соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар қатори дигар масъалаҳо лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҷаласа вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов иброз дошт, ки дар лоиҳаи кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шуда ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардонидани буҷети давлат аст. Чанде қабл муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зимни як нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ маблағҳои мақсаднок дар ҳаҷми 198 миллион сомонӣ ҷудо карда шудаанд, вале мутаассифона, на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет ҷалб гардидаанд: «Танҳо аз рӯи 5 намуди андоз ба буҷет 126 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андоз аз фурӯш (пахта, алюминий) 19,2 миллион сомонӣ, андоз аз маҳсулоти коркард 1,6 миллион сомонӣ, воридоти ғайриандозӣ 23,7 миллион сомонӣ, аксизҳо 81,6 миллион сомонӣ, андоз аз фаъолияти иқтисодии берунӣ 77,5 миллион сомонӣ ворид нагардид». Ба иттилои Ҷ. Нуралиев, дар давоми шаш моҳи соли равон бақияпулиҳои андоз нисбат ба якуми январи соли ҷорӣ 85 млн. сомониро ташкил доданд. То якуми июн ҳаҷми онҳо ба 616, 4 млн. сомонӣ баробар гардид.

Август 2, 2012 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид