Духтардуздии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар ВМКБ

Август 8, 2012 15:46

Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).-Безарар нагардонидани гурӯҳҳои ҷинояткор, сабаби аз ҷониби онҳо содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мегардад.Дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он як гурӯҳ шахсони ҷиноятпеша, аз ҷумла Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Имомназаров Имомназар, Аёмбеков Толибек, Маҳмадсалимов Ёдгор бо балегӯю ҳамфикрони худ тӯли якчанд соли охир даст ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз қабили одамкушӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқ ва хариду фурӯши одамон зада, бо ноором сохтани вазъият фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро халалдор месохтанд.Барои дар фазои ором нигоҳ доштани вазъи сиёсию иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз истифодаи қувва худдорӣ намуда, ба шахсони номбурда чандин маротиба маслиҳат доданд, ки худ ва аъзоёни дастаҳояшон аз амалҳои ғайриқонунӣ даст кашида, зиндагии осударо пеш гиранд. Аммо онҳо ба кирдорҳои ғайриқонунии худ идома дода, аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпешаи худро бо ҳама гуна роҳу восита ҳимоя намуда, амалҳои нопоки онҳоро рӯпӯш мекарданд.Тибқи маълумоти расмии омории ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду соли охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он чор ҳодисаи бедарак ғайб задани духтарони ҷавон ва ноболиғ ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳодисаҳо то ба имрӯз ягонтоаш ошкор ва ҷои будубоши се нафари онҳо бошад, умуман муайян карда нашудааст.Аз маводи санҷишӣ ва парвандаи кофтуковӣ бармеояд, ки шаби 26 январи соли 2011 аз манзили истиқоматиаш воқеъ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Хоруғ ноболиғ, хонандаи мактаби миёна, Ҳушангова Нигора Рахшандаевна бедарак ғайб задааст.Дар асоси аризаи модари ноболиғ Ҳушангова Н.Р. дар ШКД-и шаҳри Хоруғ оид ба ҳолати бедарак ғайб задани номбурда парвандаи ҷустуҷӯӣ огоз гардида бошад ҳам, вале кофтукови вай ягон натиҷа надодааст ва гумон меравад, ки Нигораи ноболиғ дучори амалҳои ҷинояткоронаи яке аз гурӯҳҳои дар боло қайдгардида гаштааст.Далели ин гуфтаҳо ҳодисаи рабудани сокини дигари шаҳри Хоруғ, хонандаи мактаби миёна, ноболиғ Моҳирова Алфия Сотировна мебошад, ки вай рӯзи 28 январи соли 2011 аз хонаи модаркалонаш, ки дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шуғнон воқеъ аст, ба хонаашон баргашта истода, дар роҳ ба автомашинаи тамғаи «АУДИ» дучор мешавад, ки ду ҷавони савори ин автомашина ӯро бо истифодаи зӯрӣ ба автомашина шинонда, ба маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, ба манзили истиқоматии воқеъ дар яке аз кӯчаҳои шаҳр бурда, яке аз онҳо ӯро ба чархи автомашина баста, баъдан ба истеъмоли маводи нашъадор маҷбур кардааст.Сипас, дар назди Моҳирова А.С. онҳо маводи сахтаъсири героинро истеъмол намуда, афту андоми Алфияи ноболиғро ба тартиб дароварда, якчанд маротиба ба воситаи телефони мобилӣ ӯро расм гирифтаанд.Вақте ки Алфияи ноболиғ аз онҳо сабаби расм гирифтанашонро пурсон шудааст, онҳо ҷавоб додаанд, ки духтарони зеборо расм мегиранд ва ҳамзамон расмҳои дар телефон бударо ба Алфияи ноболиғ нишон додаанд, ки ӯ дар байни онҳо расми ноболиғ Ҳушангова Нигораро дида шинохта, дар куҷо будани вайро пурсидааст. Онҳо ҷавоб додаанд, ки духтарони расмҳояшон дар телефон бударо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузаронидаанд.Рузи дигар, 29 январи соли 2011 тахминан соати 14-00 онхо Алфияи ноболиғро ба автомашина савор карда, бо мақсади интиқол додан ба Ҷумҳурии Исломиии Афғонистон раҳсипор шудаанд, ки дар роҳ автомошина ба садама дучор гардида, нуқсони техникӣ гирифтааст.Дар ин ҳолат Алфия аз фурсати муносиб истифода бурда, дар паси харсангҳо пинхон шуда, аз дасти онҳо гурехта дар хонаи Меҳринисо ном зан, ки худаш танҳо истиқомат мекардааст, паноҳ мебарад ва рӯзи дигар ба деҳаи Барчидаи ноҳияи Шуғнон ва баъдан ба шаҳри Хоруғ омада, бо ҳамроҳии модараш оид ба ҳодисаи бавуқӯъомада ба ШКД-и шаҳри Хоруғ хабар додааст. Баъдан ӯ оид ба нафарони ӯро рабуда маълумот додааст. Дар рафти санҷиши ҳодисаи мазкур бо ҳолати рабудани ноболиғ Моҳирова А. ва суиқасди ба Ҷумхурии Исломии Афғонистон бурда, фурӯхтани ӯ бинобар таъсири гурӯҳҳои ҷинояткори дар шаҳри Хоруғ амалкунанда қарори қонунӣ қабул нагардида, ин ҷиноятҳои бақайдгирифта ошкор нашудаанд.Ба ҳамин монанд, Шоинова Шоҳида Фотеҳовна, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Дарвоз ва Носирова Аҳдия Ҳомидовна, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Шуғнон, моҳи августи соли 2011 бедарак ғайб задаанд, ки то ҳол ҷои буду боши онҳо маълум нест. Оид ба ин ду ҳолати охир падару модари онҳо ва дигар хешовандони наздакашон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати бедарак ғайб задани фарзандонашон бо сабабҳои номаълум муроҷиат накардаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои ВМКБ чунин ҳолатҳо зиёд бошанд, аммо бинобар таъсири гурӯҳҳои ҷинояткори дар ин манотиқ амалкунанда, онҳо низ ба қайд гирифта нашуда, ошкор нагардидаанд.Дар хабарномаи мазкур ному насаби ҷабрдидаҳо ва суроғаҳо ба хотири амнияти онҳо махсус тағйир дода шудааст.Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2012 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест