Гаравгонгирӣ бо талаби маблағи калон

Август 8, 2012 15:49

Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).-Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Маҳмадсалимов Ёдгор дар давоми солҳои 2002-2012 аз ҳисоби ҷавонон ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аллалхусус деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи устувор созмон дода, онҳоро бо яроқу лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ намудаааст, ки тайи даҳ соли охир аъзои он гурӯҳ ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд.
Чунончи, 09 ноябри соли 2011 аъзоёни гурӯҳи (дастаи) мусаллаҳи Мамадасламов Ё. бо номҳои «Карим», «Парвиз», «Хушдил» ва дигарон, ҷамъ 10-15 нафар шаҳрванд М.Ҷ.-ро, ки барои ҳалли корҳои тиҷоратии худ дар шаҳри Хоруғ қарор дошт, аз меҳмонхона гирифта, ба деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон бурдаанд.
Дар ин ҷо ин гурӯҳи мусаллаҳ М.Ҷ.-ро гаравгон гирифта, дар дохили як хона маҷбуран нигоҳ дошта, бо таҳдиди куштан аз наздикони ӯ ҳамчун шарти озод намуданаш маблағи 35000 доллари ИМА талаб намуданд. Вале 30 ноябри соли 2011 бо дахолати Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ӯ озод карда шудааст.
Бинобар ин, аз тарафи гурӯҳи фаврию тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 07.08.с.2012 нисбати Мамадасламов Ёдгор ва дигарон бо моддаи 181 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон(барои ғасби гаравгон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он идома дорад. Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2012 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд