Гул ба дасти шаҳрвандон меравад

Август 28, 2012 11:06

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Пагоҳ соати 10.30 дар Муассисаи давлатии илмӣ «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» намоишу фурӯши гулҳои хонагӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз маъмурияти Муассисаи давлатии илмӣ «Боғи марказии ботаники Тоҷикистон» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар намоиш зиёда аз 50 намуд гулҳо дар ҳаҷми ду ҳазор дона, ки дар гулхонаҳои боғи мазкур парвариш ёфтаанд ва бори аввал бо нархи арзон ба маъраз гузошта мешавад. Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди ин навъи гулҳоро аз хориҷи кишвар овардаанд ва мутахассисони касбии ин соҳа солҳои тӯлонӣ онҳоро тарбия намуда, ба шароити кишвари мо мутобиқ гардонидаанд. Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ бо гулҳои зебо таъмин намудани муассисаҳои давлатӣ, хонаҳои шаҳрвандон, шахсони алоҳида ва умуман бо анвои гули ҷаҳонӣ шинос намудани ҳаводорон ва дӯстдорони гул мебошад. Масъулин иброз намуданд, ки намоишу фурӯши гулҳои хонагӣ дар боғи мазкур тамоми сол ба роҳ монда мешавад ва дар оянда ният доранд, ки шумораи онро ба 20 ҳазор дона расонанд.

Август 28, 2012 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад