Хабари маркази ахбори Прокуратураи генералӣ

Август 22, 2012 18:19

Душанбе, 22 август. (АМИТ “Ховар”). — 22 августи соли 2012, соати 04-и шаб Имомназаров Имомназар Оғоназарович, бар асари таркиш, дар манзили истиқоматии худ дар ш.Хоруғ ба ҳалокат расид.Ин ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ-фаврии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар ш.Хоруғ фаъолият дорад, мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷааш чораҳои қонунӣ андешида мешавад.Дар робита ба ин ва дигар хабарҳои дар воситаҳои ахбори омма паҳнгашта, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Имомназаров И.О. бо лақаби «Имум», соли 1964 дар ш.Хоруғ таваллуд шуда, истиқомат мекард. Пас аз хатми мактаби миёна ва адои хизмати ҳарбӣ дар ш.Душанбе таҳсил кардааст. Шахси якрав буда, танҳо фикру ақидаи худро роҳандозӣ менамуд.Ӯ шахси дурбин набуда, ҳамаи дигаргунӣ ва омилҳоро аз рӯи «қонунҳои ҷиноӣ» баҳо дода, мехост мардуми Бадахшон доимо зери назорати ӯ бошанд.Дар натиҷаи дигаргуниҳо ва равандҳои сиёсиву иҷтимоии солҳои охир ба сиёсат сару кор гирифта, муддате сарвари Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон дар ВМКБ буд. Фаъолияти ӯ, ба мисли дигар «қумондонҳо» дар ш.Хоруғ аз гурӯҳи «худмуҳофизатӣ» сар шуда, то ба ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ омада расид. Гурӯҳи Имомназаров И.О., ки дар маҳаллаҳои УПД ва Шошхоруғи ш.Хоруғ нуфуз дорад, солҳои 90-ум дар ягон амалиётҳои ҳарбӣ иштирок накардааст ва роҳбари он-Имомназаров И.О.-ро «қумандони саҳроӣ» ё фармондеҳи нерӯҳои собиқ мухолифин номидан низ мантиқан дуруст нест, чунки ӯ аз ҳудуди ш.Хоруғ берун набаромадааст. Вай танҳо бо «душманони худӣ», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатии вилоят ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ш.Хоруғ барои манфиати шахсӣ ва гурӯҳӣ мубориза бурдаасту халос. Ин «қумондони хизматнишондода» соли 1994 дар натиҷаи муборизаҳои шадид ва беамон бо дигар гурӯҳи ҷинояткори ш.Хоруғ аз тири ҳарифон маҷрӯҳи гурӯҳи якум шудааст. Сабаби асосии маҷрӯҳ шудани ӯ аз рӯи маълумотҳои оперативӣ кушта шудани яке аз шахсони бонуфузи ш.Хоруғ гаштааст. Имомназаров И.О. ва дигарон дар куштори Шукрихудоев Ҳофиз, ки моҳи феврали соли 1994 содир шуда буд, гумонбар дониста мешуданд. 10 марти соли 1994 дар майдони марказии ш.Хоруғ дар вақти гирдиҳамоии навбатӣ шахсони номаълум ӯро аз тири таппонча мачрӯҳ сохтанд, ки дар натиҷа аз ҷароҳати бардошта пойҳои ӯ фалаҷ гардиданд. Баъди ин, Имомназаров И.О., ба ҷои ҳаёти осоиштаро пеша кардан, ба шахси бераҳму сангдил табдил ёфт. Ӯ гурӯҳи ҷиноятпешаашро роҳбарӣ карда, барои боло бурдани нуфузи худ байни ҷавонони ҷиноятпешаи маҳаллаҳои ш.Хоруғ тафриқа андохта, даҳҳо ҷавонони сабукфикри ш.Хоруғро мубталои ин дасисаҳо кард. Азбаски қисмат ӯро аз бархе неъматҳо маҳрум карда буд, вай ба одамон ва ҷамъият нафрат пайдо карда, худро ҳамчун «пешвои маънавӣ ва сиёсии олами ҷиноӣ» нишон медод. Дар ш.Хоруғ аз солҳои 90-уми асри гузашта расм шудааст, ки пас аз ҳар як қонуншиканӣ ва бетартибӣ гурӯҳҳои ҷинояткор, ки худ ҷиноят содир кардаанд мақомоти давлатиро гунаҳгор карда, бо роҳи ташкил кардани гирдиҳамоии ғариқонунӣ, онҳоро ба гуфтушунид даъват мекунанд. Ба ҷои он, ки ҷинояткориро маҳкум намоянд, ин гурӯҳҳои ҷинояткор аз ҷинояткорон ҳифз намуда, дар сурати ба муқовимати қувваҳои ҳукуматӣ дучор шудан, домони занону кӯдаконро камин мегирифтанд.Аз ҷумла, Имомназаров И.О. ҷинояткоронеро, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, расонидани зарари ҷисмонӣ, зӯроварӣ нисбати намояндагони ҳокимият, роҳзанӣ, авбошӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир намудаанд, пуштибонӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон медод.Чунончӣ, 17 августи соли 2006, вақте ки кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РКД ВМКБ барои дастгир намудани яке аз ҷинояткорон ба маҳаллаи Хоруғи болои ш. Хоруғ омаданд, Имомназаров И.О. ҳамроҳи дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба онҳо муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба тарафашон тир холӣ намуданд, ки дар натиҷа кормандони милитсия зарари ҷисмонӣ гирифтанд.Баъди ин, Имомназаров И.О. ва ҳаммаслаконаш занон, мардон ва ҷавононро дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати корҳои дохил ӣҷамъ намуда, гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил карда, дару тирезаҳои биноҳои ин мақомоти давлатиро шикастанд.Худи ҳамон рӯз Имомназаров И.О. дар якҷоягӣ бо дигар ҷинояткорон ба бинои РКД ҳуҷум намуда, кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе яроқ намуда, як адад яроқи оташфишони онҳо-автомати Калашниковро тассаруф намуданд. Ба ҳамин монанд, 14 июни соли 2008 Имомназаров И.О. бо аъзоёни гурӯҳи муташаккили худ ба назди бинои прокуратураи ВМКБ омада, бинобар маъюб буда, роҳ гашта натавонистанаш, хоҳиш намуд, ки прокурори вилоят Гулматшоев Р.К. барои вохӯрӣ ба назди ӯ барояд. Гулматшоев Р.К. ба назди Имомназаров И.О. баромада, бо хоҳиши ӯ ба нишастгоҳи қафои автомашина нишаст. Имомназаров И.О. дидаю дониста, ки Гулматшоев Р.К. ҳамчун прокурори вилоят намояндаи ҳокимият мебошад, бо мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ӯ, бо таҳдиди куштан талаб намуд, ки ба истеъфо баромада, ҳудуди ВМКБ-ро тарк намояд.Гулматшоев Р.К. ин талаби ғайриқонунии ӯро рад карда, аз автомашина фаромаданӣ шуд, ки дар ин вақт Имомназаров И.О. ӯро зада, ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонд.Ғайр аз ин, тибқи нишондоди яке аз дастгиршудагон, ки барои одамкушӣ, муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор, яроқи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ва дигар ҷиноятҳо дар кофтуков қарор дошт, ӯ охирҳои моҳи августи соли 2010 ба ВМКБ рафта, дар шаҳри Хоруғ бо Имомназаров И.О., ки ӯро ҳамчун яке аз шахсиятҳои дар олами ҷиноӣ шинохташуда муаррифӣ кардааст, шиносоӣ пайдо карда, дар манзили истиқоматии ӯ пинҳон шудааст. Аз рӯи нишондодҳои ӯ, Имомназаров И.О. ба доду гирифт ва контрабанда (қочоқ)-и сангҳои қиматбаҳои табиӣ, яъне бар хилофи қоидаҳои муқарраргардидаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол додани сангҳои қиматбаҳои табиӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ба давлат супоридани онҳо машғул буда, чунин гурӯҳҳои ҷинояткорро роҳбарӣ ва сарпарастӣ менамуд.Ҳамунин, Садоншоев Э.Ш., ки аъзои яке аз гурӯҳҳои ҷиноятӣ буд, 10 июни соли 2011 бинобар норозӣ будан ба ҳукми суди ВМКБ бо айбдории Рамихудоев К.М., ки барои одамкушӣ ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд, 40-45 нафар ҷавононро ҷамъ намуда, бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ ба бинои суди ВМКБ ҳуҷум намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ ду муовинони раиси суди вилоят, ду судя ва як шаҳрвандро зери латукӯб қарор доданд. Онҳо дару тиреза ва тамоми таҷҳизоти дар утоқҳои хизматӣ мавҷуд бударо шикаста, ба манфиати давлат зарари моддӣ расониданд. Қисмати калони ин гурӯҳи ҷавонон ба назди прокуратураҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ рафта, прокурори ВМКБ ва чор нафар кормандони ӯ, инчунин прокурори шаҳрро лату кӯб намуда, тирезаҳои қисмати пеши бинои прокуратури шаҳрро шикаста, ба он зарари моддӣ расониданд. Бо дастгирӣ ва пуштибонии Имомназаров И.О. саривақт ба ҳабс гирифтани Садоншоев Э.Ш. имконнопазир гашта, баъди аз ҷониби суд маҳкум гариданаш низ, ӯ аз иҷрои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ саркашӣ намуд. Оқибат, Садоншоев Э.Ш. дар ҳайати гурӯҳи муташаккил дар задухӯрдҳои мусаллаҳона алайҳи қуваҳои ҳукуматӣ иштирок карда, 24 июли соли 2012 ҳалок гардид.Инчунин, 24 июли соли 2012 тахминан соати 0330-0400 шаб иттиҳоди муташаккили ҷинояткорон таҳти роҳбарии бевоситаи Имомназаров И.О. бо мақсади маҷбур намудани давлат барои худдорӣ намудан аз амалиётҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ аз дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани аъзоёни ин иттиҳод, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, ба бинои комиссариати ҳарбии ВМКБ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, кормандони Прокуратураи генералӣ ва Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳуриро мавриди лату кӯб қарор дода, онҳоро гаравгон гирифта, яроқҳои оташфишонашонро тасарруф намуданд. 24 июли соли 2012 Имомназаров И.О. ва дигар роҳбарони иттиҳоди (ташкилоти) ҷиноятӣ дар ш.Хоруғ ва гирду атрофи он бар зидди ниҳодҳои ҳукуматӣ, ки барои дастгир намудани шахсоне, ки 21 июли соли 2012 дар ш.Хоруғ куштори сардори Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, генерал-майор Назаров А.С.- ро содир намуда буданд, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ҷангиданд. Дар натиҷа аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 нафар кушта ва зиёда аз 40 нафар захмӣ карда шуда, яроқу лавозимоти ҷангӣ тасарруф карда шуда, ба молу мулки ҳарбӣ, амволи шаҳрвандон ва давлат зарари моддӣ расонида шуд. Тавре дастгиршуда-аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Имомназаров И.О.-шаҳрванд Карамхудоев Ш. нишон дод, шаби 23 июли соли 2012 ӯ бо даъвати додари Имомназаров И.О.-Имомназаров Султонназар ба қаҳвахонаи «Алёш»-и ш.Хоруғ рафтааст, ки дар он ҷо ҷавонони зиёд ҷамъ шудаанд. Имомназаров С. бо супориши бародараш Имомназаров И.О. ба ӯ ва дигар ҷавонон сару либоси ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон-пулемети Калашников, автоматҳои Калашников, гранатамет, гранатаҳо ва дигар воситаҳои таркиши худсохт дода, ӯро сардори гурӯҳи 21 нафара таъин карда, мавқеи ҷойгиршавиашонро дар рӯ ба рӯи отряди сарҳадбонон, воқеъ дар ш.Хоруғ муайян кардааст. Шаби 23-ум ба 24-уми июли соли 2012 онҳо бо истифода аз яроқҳои оташфишон ва воситаҳои таркиши номбаршуда ба муқобили ниҳодҳои ҳукуматӣ муқовимати мусаллаҳона намуданд. Ҳамин тариқ, 08 августи соли 2012 Имомназаров И.О. барои содир намудани одамкушӣ, бандитизм, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият, ташкили иттиҳоди (ташкилоти) ҷиноятӣ, ғасби гаравгон, тасарруфи яроқу лавозимоти ҷангӣғоибона ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс интихоб карда шуда, кофтукови ӯ эълон карда шуда буд. Бояд қайд намуд, ки инчунин бо пуштибонӣ ва дастгирии фаъолонаи гурӯҳи ҷиноятии Имомназаров И.О. аз ҷинояткорон фаъолияти муътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят халадор карда шуда, ҷиноятҳои нангин, аз қабили хариду фурӯши одамон ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар вилоят ошкор карда нашуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Чунончи, чор ҳолати хариду фурӯши одамон (занҳо ва духтарони ноболиғ) дар вилоят ҷой дорад, ки бо таъсири чунин гурӯҳҳо ошкор карда нашуда, се нафари онҳо, аз ҷумла як духтари ноболиғи таваллуди соли 1995 аз ш.Хоруғ то имрӯз бедарак мебошанд.

Август 22, 2012 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад