Имзои як силсила қонунҳо аз ҷониби Сарвари давлат
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» маротибаи аввал қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои генетикии набототи корам танзим намуда, ҳамзамон амали он бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, экологӣ ва биологӣ, амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ, таҳсилотӣ дар соҳаи мазкур равона карда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» низ санади нав буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва ҳамкории давлатро бо бахши хусусӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии истифодаи замин, аз ҷумла истифодабарии самараноки он ва ташкили муомилоти ҳуқуқи истифодабарии замин қабул карда шудааст. Дар маҷмӯъ ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замин ин ҷорӣ намудани бозори ҳуқуқи истифодаи замин буда, амалӣ намудани он барои ислоҳоти минбаъдаи замин, инкишофи муносибатҳои нави бозорӣ дар робита ба ҳуқуқи истифодабарии замин равона карда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ доир ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул карда шуда, масъалаҳои тартиб додани рӯйхати миллии шахсони бо терроризм алоқамандро ба танзим медарорад. Қонунҳои баимзорасида дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлат ва ҷамъият ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд. Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






