«Казнить нельзя помиловать»

Август 4, 2012 10:22

Ё аломати вергул дар куҷои ин ибора баъди чандин маротиба бахшидани ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон бояд гузошта мешуд?Дар овони ҷавонӣ асари Александр Дюма — адиби машҳури франсузро ба забони русӣ мутоила намуда будам. Баландтарин нуқтаи ин асар он буд, ки тақдири қаҳрамони асосии онро як аломати вергул ҳал мекард, ки он дар куҷои ибораи «казнить нельзя помиловать» бояд гузошта мешуд. Ҳини хондан бисёр мехостам, ки ин аломатро баъди вожаи «нельзя» гузоранд, зеро оқибати хуши поёни ин асарро нигарон будам. Мутаассифона, фитнагарону дасисабозони он давр аломати вергулро алорағми хоҳиши ҳукуматдорон баъди калимаи «казнить» гузоштанд, ки бо ин фитнаи гўё назарногиронаи онҳо риштаи ҳаёти як марди сарсупурдаю қаҳрамони франсуз бурида шуд. Дар симои ин қаҳрамон муаллифи асар фоҷиаи бузурги як миллати куҳанбунёдро нишон дода буд, ки ман ҳамчун инсони дардошно инро ба хубӣ эҳсос карда будам. Таҳаммули қатли ноҷавонмардонаи Граф Де-Бюсии франсуз он замон бароям гарон афтода буд, ки рўзе чанд мисли мусибатзадае аз ғаму андўҳи бепоён кўдаквор гиря мекардам. Он замон дасти дуо бардошта будам, ки «Худоё, паноҳ мебарам ба ту, аз он ки мабодо бо як сухани ноҷое ва ё нуқтаи бемақоме муҷиби нестӣ ва бадбахтии мардуме гардам, зеро медонам фитна гуноҳест азим».Банда низ қаламкашам. Таърих гувоҳ аст, ки соҳибони қалам дар ҳар давру замон масъулияти бузурги ҳақ дидану хақ гуфтану ҳақ нигоштанро бар дўш доранд. Зеро зиндагӣ, Ватан, миллат, марзу бум, оила, ҷамъият, сулҳу субот… ва билохира қаламу варақ барояшон амонат аст ва аз ин амонатҳо пурсида хоҳанд шуд.Бар сари мақсад меоям. Рўзи панҷшанбе ҳафтаномаҳои Тоҷикистонро вобаста ба қазияи Бадахшон хондаму аз бархе рўзноманигорон, таҳлилгарон ва коршиносоне, ки ба хотири ғарази ҳизбӣ, гурўҳӣ ва қавмӣ доштаашон қалам ба даст гирифтанд ва ба хотири ҳадафҳои нопокашон забон боз карданд, ҳайфам омад ва бори дигар Худоро шукргузорӣ намудам, ки дасти бандаро аз гирифтани чунин қалами муғризона ва забонамро аз эълони ин гуна ҳарфҳои фитнаангез эмин нигоҳ доштааст.Ба нигориши онҳо бо таҳлили амиқ ва шинохти холисона бетаассуб шинос шудам. Алъон мехоҳам дар атрофи ин масъала чанд суолеро бо эшон мунсифона матраҳ кунам, то амонат зоеъ нагардад.Пеш аз ҳама, ба эшон саволе дорам, ки барои чӣ бе таҳқиқ ва муғризона ба мардум сабаби қатли генерал Абдулло Назаровро ин гуна қаламдод намудед, ки гўё ў ба қочоқи ғайриқонуние даст дошта бошад? Чаро ва бо кадом мақсад бо ин тарзи нигориш ин ҳодисаи нангину мудҳишро дар назари мардум ночиз нишон додед? Оё ин аз рўи инсоф аст?Бо чунин сангдилӣ ба қатл расонидани намояндаи соҳибмақоми давлат ба ҳайси як инсон, падар, бародар ва муҳиби оилае лоақал Шуморо нигарон накард? Ин ҳодиса магар боиси афсўсу пушаймонии мо — аҳли ҷомеа нест? Худованди бузург дар Ќуръони маҷид фармудааст, ки агар касе ба ноҳақ як касеро кушта бошад, гўё ки ҳамаи инсонҳои рўи заминро кушта бошад.Эй кош, ин гуна шахсон мусибати бародарро мусибати худ медонистанд ва дар болои оташи миллатсўз равғани хонумонсўз намерехтанд.Болотар аз ин, Шумо барои дигаргун сохтани авзои ин қазия тасмими Ҳукумати Тоҷикистонро, ки таслим намудани муҷримони ин ҳодиса ва мубориза бар муқобили гурўҳи муташаккили ҷинояткорон аст, мубориза ба муқобили мухолифини Ҳукумат, ё амалиёти низомӣ алайҳи мардуми Бадахшон қаламдод намудед.Имону инсоф ва дили поку соф бояд дошт, то инсон ҳақиқатро бишносад.Воқеан, агар сухан сари чор нафар қотили Абдулло Назаров мерафт, боке набуд, аммо ин ҳама силоҳу силоҳбадастон ва муздурони афғонӣ, ки дар набарди рў ба рў бо Ҳукумат қарор гирифтаанд, аз куҷоянд, кистанд ва чӣ мехоҳанд?Чуноне ки мегўянд, ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. Сиёсатмадороне, ки алайҳи ин амалиёт саҳифаҳоро пур кардаанд, чӣ мехоста бошанд, худо накарда онҳо уқдаҳои шахсӣ ё ҳизбии худро ба ҳар роҳ, ҳатто аз мусибати миллату давлат низ мехоҳанд бароварда созанд. Оё ин роҳи муборизаи одилонаи сиёсист? Магар ин амали ноҷавонмардона нест? Муборизаҳои ҳақиқӣ ва беғаразона майдону замонҳои хоси худро доранд. Шахси огоҳ медонад, ки фоҷиаи Бадахшон на он майдон аст, ки имрўз ин нафарон онро ҳақиқати худ мепиндоранд.Ҳадс мезанед, ки ташкилкунандаи ин ҷиноят — Аёмбеков Толиббек амалиёти Ҳукуматро алайҳи мардуми Бадахшон ва қумондонҳои собиқ мухолифин меҳисобад. Ман аз Шумо мепурсам, агар қотиле нафаре аз хешовандони ўро мекушту дар байни мардум пинҳон мешуд, оид ба ҳозир шудан ва ҷавоб гуфтан дар назди қонун саркашӣ мекард, ё мардум дидаву дониста аз он қотил дифо мекарданду дар таслим шудани ў кўмак намекарданд ва баръакс мухолифат мекарданд, Аёмбеков Толиб ҳамчун як «инсони мунсиф» дар ин ҳолат чи кор мекард? Тайи даҳ соли охир ба хотири сулҳу субот ва оромию осудагии мардуми кишвар аз тарафи Ҳукумат чандин ҷиноятҳои содиркардаи ин гурўҳи муташаккил ва дигар гурўҳҳои ҷинояткори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мавриди авф қарор дода шуданд. Аммо ин гурўҳҳо на танҳо силоҳашонро ба замин нагузоштанд, балки то дандонҳояшон бо яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гаштанд ва имрўзҳо теъдодашон аз садҳо нафар гузаштаааст. Пас саволе ба миён меояд, ки ба назари Шумо — соҳибқаламон, ин нафарон кистанд? Инсонҳои ватанхоҳу ватандор, хайрхоҳу хайрандеш ё ҷиноятпешаву ҷинояткор?Ҳодисаи нангинеро бароятон нақл мекунам, ки ҳақиқати талх аст. Мардуми тоҷире, ки Бадахшонро роҳи тиҷорати тобистонаи худ барои овардани мол аз Ҷумҳурии Чин қарор дода буданд, шоҳид ҳастанд, ки ин гурўҳи ҷинояткор ҳангоми мурури тоҷирон бо корвонҳояшон аз ин минтақа чӣ гуна муносибатро бо онҳо раво медиданд, ки ҳатто таҳқиромез мегуфтанд, «Бадахшон барои Шумо Тоҷикистон нест, дар ин ҷо мо ҳукумат дорем».Эй қаламбадастони Ватандор, шумо бояд донед ва огаҳ бошед, ки ҷинояткор Ватан надорад. Дар ҳар куҷое бошад, хоҳ дар байни мардум мавқеъ гирифта, барои ҳимояи худ занон ва мўйсафедонро ҳамчун сипари зинда қарор диҳад, хоҳ дар кўҳу пушта пинҳон гардад, бояд пайдо карда шавад ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то аз шарри ў мардуми дигар дар амон бошанд.Аз ин рў, ҳарчанд дер бошад ҳам, Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири амнияти миллӣ тасмими мантиқӣ гирифт, ки бояд ҷинояткорон таслим шаванд ва дар назди қонун ҷавоб гўянд, вагарна дар сурати итоат накардан амалиёти махсусро оид ба дастгир кардан ва ё безарар гардонидани онҳо роҳандозӣ хоҳад кард.Шумо бошед, ин икдоми дар мизони ақл ва нақл санҷидашударо мубориза ба муқобили мухолифини Ҳукумат, ё амалиёти низомӣ алайҳи мардуми Бадахшон ва тарсонидани онҳо қаламдод мекунед?Ба фикри Шумо, Ҳукумат дар ин ҳолат алайҳи ин гуна гурўҳҳои ҷинояткор, ки номи мардуми шарифи Бадахшонро ба қатлу ғоратгарӣ, маҳалгароиву қавмпарастӣ, ҷоҳиливу худхоҳӣ доғдор менамоянд, бояд чӣ кор мекард? Қотилонро мебахшид, то ки аз беҷазо мондан рўҳи тоза гирифта, ба қатли дигарон даст мезаданд, ё ки Ҳукумат ба онҳо мўҳлат медод, ки боз ҳам гомҳои бештареро дар қатлу бедодгарӣ, парешонҳоливу парокандагии мардум ва ноором сохтани вазъи кишвар пеша мекарданд?Эй кош, ҳама рўзноманигорон мисли Раҷаби Мирзо мунсифона сухан мегуфтанд (мақолаи «Ҷанг ва сулҳи Хоруғ», ҳафтаномаи СССР, №30 аз 26-уми июли соли 2012) ва дар бораи «формулаҳои шинос»-и дигарон андешаронӣ мекарданд, то мардумро низ аз асли воқеа воқиф сохта, садди роҳи оқибатҳои бади ҳузнангезе барои халқу миллат мешуданд.Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, мо бояд бидонем, ки сарчашмаи ин фитна аз куҷост. Яқинан, ин моҷаро ба як барномаи пешакӣ тарҳрезишуда монанд аст. Зеро дер боз аст, ки пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ба баъзењо хуш намеояд.Дар ин замина, аз баъзе таҳлилгарон, рўзноманигорон ва сиёсатмадороне, ки мутаассифона аз нигоштаҳои онҳо бўи ҷудоихоҳӣ эҳсос карда мешавад ва ошкору пинҳон навиштаву таҳлилҳои хориҷиро дастгирӣ мекунанд, даъват ба амал меорам, ки фирефтаи бозии дигарон нагарданд ва пирўзии яклаҳзаинаи худро ба дасти онњо касб накунанд.Магар Шумо сухани таърихии сарвари тоҷикони олам Эмомалӣ Раҳмонро фаромўш кардаед, ки гуфтааст: «Тоҷикистон Ватани мост ва онро ҷуз мо касе обод нахоҳад кард».Пас, хуб андеша кунед, сиёсати як бому ду ҳаво ба ҳеҷ инсони оқиле зебандаву муносиб нест ва дар ин роҳи пуртазод касе ба ҷуз надомату шармандагӣ фоидае набардоштааст.Хуб мешуд, ки таҳлилгарони сиёсӣ, аз қабили Амният Абдуназаров, Давлат Усмон, бахши русии ВВС ва нафарони дар ҳориҷи кишвар буда аз изҳори назар кардан хомўширо авлотар медонистанд, зеро қазия он чуноне, ки онҳо мехоҳанд баҳо диҳанд, ин тавр нест.Мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус Бадахшониёни азиз аз асли воқеа ба хубӣ огоҳанд ва умедворанд, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳақро ба ҳақдор мерасонанд, зероДоварӣ кун, ки зи довар ҳама ҳақ меҷўянд,Ҳақ ба ҳақдор расад, рўзи Худо дар пеш аст.Салим СОДИРЗОДАХафтаномаи «Фараж» №31 (296) аз 1 августи соли 2012

Август 4, 2012 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд