Кори золим мулк вайрон кардан acт
Муддате як гўшаи Тоҷикистон — шаҳри Xopyғ нотинҷ буд. Аз ҷониби қочоқчиёни силоҳбадаст сарвари Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Бадахшон, генерал – майор Абдулло Назаров бераҳмона кушта шуд. Тавре, ки муайян шудааст, ин куштор фармоишӣ буда, дар он, асосан, гурўҳи ғайриқонунии қочоқбарони маводи мухаддир, тамоку ва сангҳои қиматбаҳо бо сарварии муовини сардори ситоди отряди марзбонии Ишкошим полковник Толиб Айёмбеков даст дошт.Пас, Толиб Айёмбеков кист? Ў бародари собиқ қочоқчии машҳур Абдуламон Айёмбеков, маъруф бо лақабҳои «Алёша Горбун» ва «Алёшаи Кўзапушт» мебошад. Худи «Горбун» соли 1994 кушта шуд. Толиб узви гурўҳи бародараш буд ва дар натиҷаи ҳалокати асроромези фармондеҳони дигари маъруф Маҷнун Паллаев, Хоҷӣ Абдурашид ва чанд тани дигар ҷои бародарашро гирифт.Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор гардидани сулҳ миёни тоҷикон аз ҳисоби сифоизаи мухолифини собиқ фармондеҳи баталёни раёсати корҳои дохилӣ дар Xopyғ таъин шуд. Аммо пас аз муддате барои дар чандин ҷиноят даст доштанаш аз он вазифа барканораш карданд. Аммо соли 2008, баъди намоишҳои эътирозӣ дар Хоруғ, ки барпокунандаашон худи Толиб ва ҳаммаслаконаш буданд, ў аз нав ба вазифаи давлатӣ дар раёсати марзбонӣ даст ёфт.Як чиз ҷолиби қайд аст, ки моҳи июли ҳамон сол ҳукумат хост, ки гурўҳҳои Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Имомназар Имомназаров ва Ёдгор Шомусалламовро халъи силоҳ намояд. Аммо садҳо нафар занон ба майдон баромада, зидди хунрезии эҳтимолӣ тазоҳур карданд. Бояд гуфт, ки чунин намоишҳо зери таъсиру таҳдиду зўровариҳои қумондонҳои мазкуру пайравонашон барпо мешуданд. Мардум аз тарси ҷони худ ва фарзандону наздиконашон маҷбур буданд, ки ба майдонҳо бароянд. Дар акси ҳол аз ҷазои силоҳбадастон эмин намемонданд. Имрўз Толиб Айёмбеков ва дигар силоҳбадастон аз ҳамон таҷрибаи зўран ба майдон кашидани занону кўдакон истифода бурдан мехоханд. Вагарна, мардум ҳаргиз тарафдори ҷангу хунрезӣ ва чунин ҷинояткорон нест ва нахоҳад буд.Имрўзҳо дар ВАО-и хориҷӣ ва интернет баъзе бадхоҳони миллату давлати тоҷик хабарҳои бардурўғи ҳангомабарангез нашр мекунанд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба гумроҳӣ мебаранд. Ҳақиқат он аст, ки имрўз вазъ дар Бадахшон ва махсусан шаҳри Xopyғ, рў ба оромӣ овардаасту ҷинояткорон мавриди ҷустуҷў қарор доранд. Бозору мағозаҳо ва дўконҳо бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд, мардум аз паи кору зиндагии худанд.Ҳаммаслакону пайравони ин дастаҳои қочоқбари маводи мухаддир, тамоку ва сангҳои қимматбаҳо, ки даромади муфтро аз даст додан намехоҳанд, ба паҳн кардани хабарҳои бардурўғи фитнаангез машғуланд. Масалан, 28-уми июл овозае паҳн гардид, ки гуё дар ноҳияи Дарвоз отряди сарҳадӣ мавриди гулўлаборон қарор ёфта бошаду бисёриҳо ҳалок ва захмӣ шуда бошанд. Мо бо ноҳияи Дарвоз тамос гирифта, асли воқеаро пурсон шудем. Маълум гардид, ки ягон ҳодиса рух надодаасту ҳама тинҷу осудаанд.Ба ҳамин монанд овозаҳои бардурўғи фитнаангези беасос дар интернет ва баъзе ВАО-и хориҷӣ бо мақсади ба иштибоҳ андохтани мардум пахш мегарданд. Мақсади чунин амалҳо танҳо дуюмбора ба ҷангу хунрезӣ кашидани мардуми тоҷик аст.Умуман, сабаби низои мазкур дар он аст, ки гурўҳи Толиб Айёмбеков ва пайравонаш солҳои зиёд аз қочоқи тамоку, маводи мухаддир ва сангҳои қимматбаҳо миллионҳо доллар даромади муфт ба даст меоварданд. Генерал Абдулло Назаров пеши роҳи онҳоро гирифт ва дар натиҷа аз ҷониби ин гурўҳҳои ҷиноятпеша кушта гардид. Тасаввур кунед, ки як қуттӣ сигори хориҷии «PINE» дар Афгонистон 70-80 дирам арзиш дорад. Пас аз ба Тоҷикистон ворид шудан нархи он ба 4-5 сомонӣ мерасад. Акнун ҳисоб кунеду хулоса бароред, ки ин қочоқчиён аз чӣ гуна даромади ҳангуфт бенасиб гаштанд. Маводи мухаддиру сангҳои қимматбаҳо ва дигар молу ашёи бозоргир аз ин ҳисоб берун.Ин ба ном қумондонҳо дар қаламрави Бадахшон худро ҳокими мутлақ ҳисобида, ҳаллу фасли ҳамаи корҳо, аз ҷумла ҷиноятҳоро низ дар ихтиёр доштанд. Онҳо ба намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва кормандони қудратӣ фишор оварда, ҳама корро ба фоидаи худ ва ҳамдастону ҳаммаслаконашон ҳаллу фасл мекарданд. Чуноне дар боло қайд карда шуд, онҳо кўшиш доранд, ки боз мардумро бо роҳи зўрию таҳдид аз нав ба майдонҳо кашанд. Ба қавли маъмўл, «Кори золим мулк вайрон кардан аст». Агар ҳамин тавр нест, худ қазоват кунед, ки чаро миёни 40 нафар чангиёни асирафтодаи дастаи Толиб Айёмбеков 5 нафарашон ҷангиёни ҳаракати толибонанд. Магар шахсе, ки дар фикри ободии Ватан ва осоиштагии мардум аст, ба сари миллати худ зархаридони хориҷиро меорад?! Ана, он маблағҳои бо роҳи қочоқ бадастовардаи «қумондони номӣ» ба куҷо ва барои чӣ масраф мегарданд?!Хушбахтона, бар алайҳи аъмоли зишти чунин шахсон занону модарони бадахшонӣ, шахсони обруманду пешвоёни дин дар ҷамъомадашон фарзандонашонро даъват карданд, ки силоҳро супурда, ба рўзгори осоишта баргарданд. Ва даҳҳо нафар, аллакай, ин даъватро пазируфтанд. Силоҳсупорӣ давом дорад.Оре, мардуми шарифи Бадахшон имрўз некро аз бад, дўстро аз душман ба хубӣ фарқ карда метавонад ва фирефтаи бадхоҳони миллату давлат намешавад.Аммо ҷинояткор бояд мувофиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва аз рўи адолат ҷазо гирад. Зеро, ба қавли шоир: Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.Имрўз ҳар касе, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ меҳисобад, агар нангу ор дорад, инсони бафарҳангу баномус аст ва, аз ҳама муҳимаш, соҳибистиқлолии кишвар барояш заррае қадру қимат дорад, бояд манфиати миллату Ватанро аз манфиати шахсиаш боло гузорад.Як гурўҳ сокинони шаҳри Ваҳдат