М.Маҳмадбоқир авбоши ашаддист ё ҳимоятгари халқ?
Душанбе, 3 август. (АМИТ “Ховар”).-Дар расонаҳои хабарӣ оид ба воқеаҳои шаҳри Хоруғ аз баъзе авбошону ҷинояткорон қариб ки қаҳрамони озодихоҳ наметарошанду халос.
Ин соҳибқаламони дохиливу берунӣ комилан барномаи тарҳрезишудаи бегонагонро роҳандозӣ менамоянд ва ё худ амру супориши хоҷаеро иҷро мекунанд, ки нисбат ба давлату миллати мо носипосу душмананд.
Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир Карамалишоевич, соли таваллудаш 1963, сокини маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бо тахаллуси «Боқир» яке аз чунин афрод мебошад, ки чеҳраи ҳақиқӣ, шуғл ва касби воқеии ӯро мехоҳем барои шумо, хонандагони азиз пешниҳод намоем.
Маҳмадбоқиров М.К. маълумоти миёнаи техникию касбӣ дошта, саводнокӣ ва маданиятнокиаш дар дараҷаи паст қарор дорад, ҳатто ба забони давлатӣ озод сухан гуфта наметавонад. Аз айёми кӯдакӣ дар маҳал ва мактабаш бо авбошӣ ва бадтинатӣ ном бароварда будааст.
Пас аз адои хизмат дар соли 1986 ҳангоми таҳсил дар ш.Душанбе ҷинояти авбошӣ содир карда, бо ҳукми суди ноҳияи Октябри ш.Душанбе бо моддаи 220 қисми 2 (авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶШС Тоҷикистон ) ба мӯҳлати 3 сол ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда, ин лақаби ба ӯ гузоштаи мардум-авбошро ба таври «қонунӣ» дар номаи аъмоли худ сабт намуд.
Дар давраи то солҳои 1992 дар мақомоти таъминоти барқ ба сифати коргар кор карда, дар байни ҳамкорон ҳамчун шахси бетамизу авбош ном бароварда буд.
Пас аз нооромиҳои соли 1991 ин шахси авбош аз шароити мусоид истифода намуда, худро ба канори фардҳои ба ӯ монанд, ки дар ниқоби «демократия» ва «озодӣ» мақсадҳои нопоки худро пайгир буданд, ҳавола дод.
Соли 1992 бо чанде аз ҷавонони маҳаллаи Хоруғи боло гурӯҳи «худмуҳофизат» ташкил дода, ба ғорати молу амволи давлатию ҷамъиятӣ пардохт. Баъди аз Давлати Исломии Афғонистон яроқ харидорӣ намуда мусаллаҳ гаштан аз «Боқир-авбош» ба «Боқир- қумандон» мубаддал гашт. Боқир ва ҳамяроқонаш дар ягон муқовимати сиёсию ҳарбӣ аз тарафи размандони ИНОТ иштирок накардаанд ва танҳо дар ҳудуди ш.Хоруғ, водии Ғунд ва ноҳияи Мурғоб ба ғорати молу амволи ғайр ва озори мардум машғул гаштаанд.
Пас аз барқароршавии сулҳ ва ваҳдати миллӣ Маҳмадбоқиров М. аъзои гурӯҳи худро чун дигар «қумандонҳо»-и ш.Хоруғ ба рӯйхати размандагони ИНОТ дохил намуда, худро ҳамчун қумандони ин гурӯҳ муаррифӣ намудааст.
Дар асоси Протоколи созиши байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин бояд Маҳмадбоқиров М. бо гурӯҳаш яроқу аслиҳаи дар ихтиёрашон бударо ба қайди давлатӣ гирифта, ба воҳидҳои ҳарбию давлатӣ месупорид. Аммо Маҳмадбоқиров М. бо мақсади давом додани кирдорҳои ҷинояткоронааш ва нигоҳ доштани дастаи худ, қисме аз яроқу аслиҳаи худро насупорида, бо худ ғайриқонунӣ гирифта мегашт.
Дар асоси Протоколи созиш Маҳмадбоқиров М. соли 2007-ум бо рутбаи полковник сарфароз гардонида шуда, сардори комендатураи Тӯхтамиши н.Мурғоб таъин карда мешавад. Дар давраи адои хизмат ӯ худро ҳокими ноҳия эълон дошта, ҳатто ба мақомоти болоии Кумитаи сарҳадбонӣ итоат карданро намехост.
Аз вазифаи хизматиаш сӯйистифода намуда, шахсони тасодуфии ҳайати гурӯҳи ҷиноятпешаро ба вазифаҳои масъули хизмати ҳарбӣ таъин ва ё пешниҳод намуда, даст ба ғорати мардум ва содир кардани дигар ҷинояҳо мезад.
Чунончӣ: собиқ коменданти комендатураи Тӯхтамиш, қисми ҳарбии 21207, полковник Маҳмадбоқиров М.К. дидаву дониста, бо маслиҳати пешакӣ бо Айёмбеков Т.А. 19 майи соли 2006, тахминан соати 12.00 дар роҳ ба автомашинаи тамғаи «BMW», ки худаш идора мекард, ба автомашинаи Раиси ВМКБ, тамғаи ВАЗ-2113, ки дар он Раиси онвақтаи вилоят А.Ниёзмамадов менишаст, роҳ надода қасдан бо истифодаи зӯроварӣ ба тарафи пеши автомашинааш ба автомашинаи зикршуда бархӯрда, онро ба тарафи қафо тела дода, чандин маротиба ин кирдорашро такрор намуд.
Ғайри аз ин, Маҳмадбоқиров М.К. 7 августи соли 2007 тахминан соати 19 сармуфаттиши Раёсати амнияти ВМКБ майор Қаюмов В.Ф.-ро дар назди бинои шӯъбаи амнияти н.Мурғоб вобаста ба иҷрои вазифааш лату кӯб мекунад.
20 июли соли 2006-ум тахминан соати 11.00 Маҳмадбоқиров М. дар дохили терминали ш.Хоруг бо автомашинаи шахсиаш пеши роҳи автомашинаи шаҳрвандон Одилов Г.К. ва Одилов Х.К.-ро гирифта, бо истифодаи таппончаи тамғаи Макаров шахсони номбурдаро дар дохили автомашина латукӯб намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба онҳо дашномҳои қабеҳ медиҳад.
23 июли соли 2006 аъзои гурӯҳи ҷинояткори Айёмбеков Т., Одилов Г., ва дигарон тахминан 20-нафар ва аъзои гурӯҳи ҷинояткори Маҳмадбоқиров М. тахминан 5-6 нафар дар сероҳаи кӯчаи марказии ш.Хоруғ бо истифодаи яроқи оташфишон бо дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба сӯи ҳамдигар тирпарронӣ намуданд, ки дар натиҷа аз тири яроқи паррондаи онҳо шаҳрванд Додихудоева М.А., ки дар роҳи пиёдагард мерафт, захмӣ шуда, дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад.
17 майи соли 2006, соати 16 як гурӯҳ кормандони РКД-и ВМКБ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгир кардани Маҳмадбоқиров М., ки расман дар кофтуков қарор дошт, ба маҳаллаи Хоруғи болои ш.Хоруғ рафтанд. Аз ин амалиёт огаҳ гашта, Маҳмадбоқиров М.К., Айёмбеков Т., Маҳмадсаламов Ё. бо аъзои гурӯҳи худ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқовимат нишон дода, бо яроқи оташфишони ғайриқонунии бо худ дошта ба тарафи онҳо оташ кушода, чанд нафар корманди милитсияро захмӣ намуданд ва кормандони милитсияро бе яроқ гардонида, автомашинаи хизматии онҳоро хароб сохтанд.
Пас аз ин гурӯҳҳои номбурда бо моил кардани ноболиғону ҷавонон ба ҷониби худ ба маркази шаҳр омада, бетартибиҳои оммавиро ташкил медиҳанд, ки дар натиҷа биноҳои маъмурии РКД ва мақомоти маҳаллии ҳокимиятро хароб намуданд.
Инчунин Маҳмадбоқиров М. 23 феврали соли 2008 тахминан соатҳои 17. 55 дақиқа бо дастаи мусаллаҳи устувори худ иборат аз 10-12 нафар бо истифодаи яроқи оташфишон ба ШКД ш.Хоруғ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, кормандони ШКД Нодилёбов О. ва Бахтибеков Г.-ро латукӯб намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.
16 апрели соли 2008 Маҳмадбоқиров М. автомашинаи тамғаи «Меrсеdеs-Benz»-ро аз болои кормандони прокуратура ва суди ВМКБ ронда, онҳоро таҳдид намуда, аз ҳудуди вилоят рафтани онҳоро талаб намуд.
Мамадбоқиров М. бо аъзои гурӯҳаш ба ҷои хизмати софдилона ба ватан аз вазифаи хизматиаш сӯйистифода намуда, аз рӯи маълумоти фаврӣ ба интиқоли маводи нашъаовар аз ш.Хоруғ ба Ҷумҳурии Қирғизистон машғул гашта, аз ин амали ҷинояткоронааш даромади калон ба даст меовард. Инчунин ӯ бо қочоқи моли майда ва калони шохдор, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои ранга ба Ҷумҳурии Қирғизистон сарукор дошт.
Аз ҳамаи ин хулоса баровардан мумкин аст, ки шахсе, ки ба нафъи ҷамъият ва давлат кори некеро ба анҷом нарасонида, танҳо ба авбошӣ ва тороҷу ғорати мардум машғул будааст, чӣ тавр метавонад пешвои маҳал ва ё қавм бошад. Албатта, чунин шахсон барои гурӯҳҳои ҷиноятпеша лозиманд, аммо яқин аст, ки барои мардуми ш.Хоруғ ва Бадахшон ин «қумандонҳо» танҳо бадбахтӣ меоранд.
Маркази ахбори
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон