Маблағи парвандаҳои қаноаткарда
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти оморӣ, аксари парвандаҳои марҳилаи якум оид ба рӯёнидани маблағҳои қарзӣ, баргардонидани қарзҳои бонкӣ, дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ гардидааст,- хабар доданд аз маркази матбуоти ин мақомоти давлатӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Бояд ёдовар шуд, ки маблағи даъвоҳои парвандаҳои дар Суди Олии иқтисодӣ қаноаткарда, танҳо дар нимсолаи якуми соли 2012 10 млн. 801 ҳазору 754 сомониро ташкил додааст.Бо мақсади татбиқи якхелаи қонунҳо дар судҳои иқтисодӣ баррасии парвандаҳои ба он мувофиқ оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо, амал (беамалӣ)-и ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар ва шахсони мансабдор, инчунин амалияи судӣ доир ба парвандаҳои муфлисшавӣ дар фаъолияти судҳо ҷамъбаст гардида, сабабҳои бекоршавии санадҳои судии судҳои иқтисодии ҶТ дар марҳилаҳои судӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






