Мардони ҳақиқӣ намемиранд
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст, Мард чу ҷовид монд, мурданаш осон куҷост?Таърих гувоҳ аст, ки мардони ҳақиқӣ ҳаргиз намемиранд. Зеро ёди онҳо, амалу пайкорашон, ҷонфидоиҳои нотакрорашон дар хотираи мардум абадӣ нақш мебандаду аз забон ба забон, аз насл ба насл чун тимсоли арҷу пайравӣ барои пасомадагон мисли мерос гузошта мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯз номи ҳазорон қаҳрамонони миллатро, ки дар давраҳои мухталифи таърихӣ намунаи олии ҷавонмардӣ будаанд, ёд дорему сари таъзим наздашон фуруд меорем, фарзандони худро дар рӯҳияи парастиш ва пайравӣ ба онҳо тарбия мекунем. Чӣ илоҷ, таърих ҳақиқати дигареро низ пеши мо собит сохтааст, ки талх асту пазиришаш сангин. Ҳар куҷо мардест, ҳатман номардҳое пайдо мешаванд, ки яке аз ҳасодату нотавонӣ, дигаре аз дилдодагӣ ба сарвату боигарӣ, сеюмӣ бо роҳнамоии душмани аҷнабӣ нисбати ҳамватани номдори худ ё хиёнат кардаанд, ё онҳоро ҷисман нобуд сохтаанд. Аммо тавре боло гуфтем «мард чу ҷовид монд, мурданаш осон куҷост?» Кору амали онҳо, хотираи некӣ онҳо дар ёди мардум пас аз марг низ, раъша дар қалби хиёнаткору ҷиноякорон меафканад, онҳоро даме орому осуда намегузорад то расидани марг ва ҳамин, ки аз дунё рафтанд исмашонро низ бо худ мебаранд. Зеро аз нек ном мемонад, аз бад ҳеҷ.Дар рӯзҳои мо низ нафароне, ки дасту дили хешро Генерал Назаров Абдулло Саъдуллоевич аз зумраи афроди нексириште буд, ки ҳастии худро ба хизмати Ватану миллати худ бахшидаанд. Мавсуф дилдодаи Ватану миллат будани худро ҳанӯз дар солҳое собит намуд, ки Тоҷикистони мо як ҷузъи кӯчаки Итиҳоди Шӯравии бузург ҳисоб мешуд. Замоне, ки дар асари бозиҳои сиёсии дохилию хориҷӣ ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунини соли 1990 рух доданд, Назаров Абдулло шарафу номуси миллатро аз мансаби барои ҳамон давра аз ҳама болову воло баландтар донист, таҳиягарону муаллифони он воқеаҳо, гунаҳгорони асосии ин фоҷеаро нотарсона фош намуд. Оғози ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон, ханҷаре буд бар қалби ин фарзанди боғурури миллат ва ин дарди ҷонкоҳ мӯҷиби барои муддате тарки Ватан кардани ӯ гашт. Бадхоҳон тӯхматаш заданд, ки «мухолиф буду бо мухолифин рафт». Чун дар назди виҷдони худ пок буд, бо сари баланд, возеҳу равшан эълон кард, ки: «Ман дар ҷанги шаҳрвандӣ умуман ширкат надоштам ва дастам дар хун олуда нест».Баъд аз имзои созишномаи сулҳ Абдулло Назаров такроран барои кор ба ниҳодҳои амнияти миллӣ баргашт. Гузаштагони мо аз таҷрибаи ҳаёти худу дигарон ба риштаи назм кашидаанд, ки:Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Меҳри онро дар дилаш андохтанд.Меҳру муҳаббат, дилбохтагӣ ба пешаи интихобнамуда, тавъам бо кордонию масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватану миллат, нафрат ба ҷинояту хиёнат, ки фоши ин ду ҷузъи асосии вазифаи хидматии ҳар як корманди амниятанд, Абдулло Назаровро то зинаҳои баланди хизматӣ – муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаи олии генерал-майор расониданд. Муаррифгари дигари мутахассиси олии ҳирфавӣ будани генерал А. Назаров, таваҷҷӯҳи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ба шахсияти ӯ ва талошҳои чандинкаратаи онҳо барои сиёҳнамоӣ ва латмазанӣ ба обрӯ ва иззати касбиаш мебошанд. Вале ин бофтаҳои ҳамкасбони берунаашро генерали марҳум бо далелу бурҳонҳои қотеъонаю мантиқӣ рӯйи об баровард ва бар нуфузи худ ҳиссаи дигар зам кард.Мутаассифона, вазифаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ охирин истгоҳе гардид, дар роҳномаи хизматии Абдулло Назаров. Аз нахустин рӯзҳои таъинот ба ин вазифаи пурифтихор, вале сангин, дар ин минтақаи зебоманзару дурдасти диёрамон, генерал барои решакан кардани дарахти бо мурури замон парваришёфта ва пурқувватгаштаи ҷиноят ва «обрезон»-и ин дарахт, ки ҳосилаш танҳо заҳру марг аст, камар баст. Ҳар як ҷинояте, ки пешгирӣ мегашт ва ё қабл аз амалӣ шуданаш хунсо мешуд, зарбаи ҷонкоҳе буд бар унсурҳои ҷиноии Бадахшон, ки солҳо дар минтақа худашон шоҳ буданду табъашон вазир. Ҳар касе қодир набуд бо онҳо ҳатто рӯй ба рӯй сухан гӯяд, ин ҷо бошад, ин генерали гапнодаро… . Мутаассифона, махсусияти фаъолияти кормандони амният имкон намедиҳад, ки аксаран корномаҳои анҷомдодаи онҳо дар роҳи пешгирӣ намудани ҷиноёти муқобили манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ равонагардида, то фарорасии вақти муайян, барои дастрасии умум кушода шавад. Абдулло Назаров вазифаи худро содиқона иҷро мекард ва гиреҳи буғикунандае буд, дар гулӯи ҷинояткороне чун Толиб Айёмбеков, Имом Имомназаров, Ёдгор Мусалламов, Боқир Муҳаммадбоқиров ва даҳҳо аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии онҳо. Аз ӯ роҳи халосӣ меҷустанд. Ҷинояткорон ҳама роҳҳоро санҷиданд ва эътимод ҳосил карданд, ки генерал Назаров Абдулло Саъдулоевич фидоии касби хеш, фидоии роҳи таъмини амнияти Ватану миллат мебошад. Аз он теъдоди фарзандони нодири Ватан аст, ки ишқу меҳри он бо шир дар вуҷудашон даромадаю танҳо бо ҷон бадар мешавад. Барои ҳамин даст ба куштораш заданд. Ноҷавонмардона аз пушт зарба бар сараш заданду баъди беҳушшавӣ ханҷар бар дилаш. Заҳраи рӯ ба рӯ, якка бо якка сухангӯӣ бо вай надоштанд.Генерал Абдулло Назаров дар охирин лаҳзаҳои умр низ ҷомаи родмардӣ аз тан накашид. Вақте, ки тӯдаи ҷавонони бӯйи хунро аллакай дар машомашон ҳиснамуда ва аз таъсири бангу май бо чашмони аз ҳадақа баромада роҳи мошини хизматиашро бастанд, гӯё оқибати корро ҳис мекард. Бо мақсади зинда нигоҳ доштани чанд ҷони ҷавон дар ивази ҷони худ, ҳамроҳонашро дастур дод, ки аз мошин пиёда нашаванд. Ёдоварии идомаи ин куштори ваҳшиёна ниёз надорад. Террористон ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Вале генерал Абдулло Назаров дар давоми умри начандон дароз, вале бобаракат, номи худро бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи давлати навини Тоҷикон, ҳамчун як фарзанди вафодору номдор, ҳомии асили амнияти Ватану миллат абадӣ нақш кард. Ному корномаи ӯ намунаи пайравӣ барои насли имрӯза ва оянда, хусусан барои ҷавононе мебошад, ки умри худро барои хизмати Ватан-модар, таъмини амнияту суботи кишвар ва ҳар як сокини Тоҷикистони азизамон бахшидаанд. Эҳсони Шариф