Маркази ёрии таъҷилӣ фаъол мегардад
Кӯлоб, 30 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Маркази тозабунёди ёрии таъҷилии шахри Кӯлоб дар давраи истиқлолият бунёд гардида, дар айни замон сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он ҳамарӯза барои муолиҷаву табобат ба ин марказ муроҷиат мекунанд. Ба назардошти афзудани теъдоди муроҷиаткунандагон ҳуҷраҳои табобатӣ зиёд ва бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида мешаванд. Барои фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонии тиббӣ дар марказ аз ҳисоби бародарон Комилҷон ва Толибҷон Каримовҳо ба марказ 10 адад яхдони замонавӣ тақдим гардид. Омодагӣ ба давраи зимистон дар ин муассисаи тандурустӣ дар сатҳи лозимӣ роҳандозӣ гардида, харидорӣ ва насби печҳо ва генераторҳои барқӣ ба нақша гирифта шудааст. Бино ба иттилои маъмурияти марказ ҳар шӯъба бо муосиртарин таҷҳизоти табобатӣ ҷиҳозонида шуда, сатху сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






