Мулоқоти Э.Раҳмон бо Д.Нибел
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмон Дирк Нибелро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ бо назардошти имконоти фарохи бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.Дирк Нибел таъкид дошт, ки Олмон ба дастгирии лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ки ба рушди кулли минтақа нигаронда шудаанд, манфиатдор аст.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои иҷтимоию сиёсии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.Ба гуфти ӯ, Олмон ба Тоҷикистон дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадаш бо Афғонистон, дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ кумаки худро ҳамоно идома медиҳад.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






