Н. Шамсов ба Б. Обама эътимоднома супорид

Август 1, 2012 14:54

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).- 30 июли соли 2012 дар Қасри Сафед маросими супоридани Эътимодномаи Cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Барак Обама барпо гардид. Зимни чорабинӣ сӯҳбати кӯтоҳ бо Президенти ШМА Барак Обама анҷом ёфт. Бо истифода аз фурсат, Сафир паём ва таманниёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Барак Обама ироъа кард. Президенти ШМА Барак Обама дар посухи худ таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бист сол инҷониб муносибатҳои дӯстона доранд, ки он ба эҳтироми якдигар ва ҳамбастагӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳо баҳри демократия, озодӣ ва фароҳам овардани имконот ба шаҳрвандон асос ёфтаст. Президент иброз дошт, ки Тоҷикистон барои ШМА ҳамчун шарики боэътимод ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди Афғонистон боқӣ мемонад. Ӯ афзуд, ки ШМА ҳамкории худро дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома хоҳад дод. Дар идомаи сӯҳбат Барак Обама барои ҳамкорӣ ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо бо назардошти таъмини бештари риояи ҳуқуқи инсон ва таҳқиқи орзуву омоли мардуми тоҷик миннатдории худро баён намуд. Сафир Н. Шамсов иброз дошт, ки ба туфайли майлу рағбати ҳар ду ҷониб ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ба таври рӯзафзун густариш ёфта, рушди робитаҳои дарозмуддат ва босуботи шарикона миёни ҳарду кишвар ба манфиати ҷонибҳо равона шудааст ва барои истиқрор ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат хоҳад намуд. Аз ҷумла ӯ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико зимни эътилофи зиддитеррористӣ паҳлӯи ҳам истода, барои барқарорсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодии Афғонистон саҳми арзанда мегузоранд.

Август 1, 2012 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад