Соҳибкор бо героин дастгир шуд
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.Бо қабули хабари фаврӣ кормандони Агентӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрванди 36-солаи зодаи ноҳияи Тоҷикободро, ки ба соҳибкорӣ машғул буд, дар хонаи иҷоравиаш дастгир намуданд. Дар вақти тафтиш аз даруни хона 102 ғилофаки маводи кулӯхчамонанди сафеду зардчатобдор ёфт ва мусодира шуд.Маводи мусодирашуда воситаи нашъадори героин буда, вазни он қариб 1 килоро ташкил дод.Нашъаҷаллоб мақсад дошт, ки ин миқдор маводи мухаддири сахттаъсирро дар ҳудуди шаҳри Душанбе фурӯшад.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






