Сулҳи аз нон азизтар
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чанд рӯз пештар дӯстону ҳаммаслакон, шогирдону қадршиносон полковники мустаъфӣ Нӯъмони Ризвон, онеро,ки дар идомаи кори чекисти оташинсухан ва абадзинда Феликс Дзержинский нонашро ҳалол кардаю номаш сари забони шиносу ношинос, посдорону носипосон гардидааст, бо 80-умин ҷашни зодрӯз табрик гуфта, орзуи ба домани ин умри таърих расиданро карданд. Оне, ки зикраш рафт, дорандаи ордени «Нишони Фахрӣ», 16 медал, «Аълочии Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ» буда, беш аз 40 соли хаёти худро дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, ситезаҷӯӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва оромию осудагии диёраш сарф кардааст.Арзишҳои волое, ки полковник Нӯъмон Ризвоновро ба ҳамкорон, ҳаммаслакону ҳамкасбон қарину дардошно гардонидааст, садоқат ба давлату ҳукумат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, дасти тозаю дили поки ӯст, ки онро дар ниҳоди садҳо шогирдону ҳазорон ҳазор ҳамватанонаш низ ҷой кардааст. Нӯъмон Ризвонов барои нигаҳдории амонию осоиштагии ватан се маротиба тири адӯро аз сина берун овардаю чандин захми корди душмани дунро дар тани кӯҳпайкари худ барои ҳаёти дигаре қабул кардааст. Ӯ ҳамин хислатҳои некашро дар вуҷуди шогирдону дастпарваронаш, ки дар айни замон дар мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқобил бо душманони дохилию хориҷӣ муборизаи беамон мебаранд, талқин менамояд.Ба гуфти чекисти қавиирода Нӯъмон Ризвонов, имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сулҳи дар давраи истиқлолият бо сад ҷонбозӣ ба даст овардаро, ки аз нон азизтар аст, чун гавҳараки чашм нигоҳбонӣ мебояд. Онҳое, ки барои сулҳу озодии ватан ва бахту саодати дигарон ҷони худро нисор кардаанд, ҷовидонӣ зиндаанд, чунонки шайх Саъдӣ гуфта:«Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист…».








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






