Тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Норвегия

Август 28, 2012 15:42

Душанбе, 28 август (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати норвегии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро таҳти раёсати Ахтар Чодрӣ ба ҳузур пазируфт. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқот як cилсила масъалаҳои муҳим ва мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо баррасӣ шуданд. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҷаноби Ахтар Чодрӣ вазифаи муовини Раиси Парлумони Шоҳигарии Норвегияро низ бар ӯҳда дорад, дар мулоқот бештар ба масъалаҳои таҳкими муносиботи байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Шоҳигарии Норвегия таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. «Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Норвегия заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати барқарор ва тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангиву варзишӣ ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад», — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки бо назардошти мавҷуд будани шароити мусоиди ҳамкорӣ ҳанӯз ҳам миёни кишварҳои мо равобити густурда ба роҳ монда нашудааст.Раиси Маҷлиси намояндагон ба роҳ мондани муносиботи байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Шоҳигарии Норвегияро барои таҳкими ҳамкориҳои дигар соҳаҳо заминаи мувофиқ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ташрифи ҳайати Парлумони Шоҳигарии Норвегия ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози барқарории равобит миёни ҳарду ниҳоди қонунгузории кишварҳои мо мебошад.

Август 28, 2012 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад