Таҷлил аз Рӯзи китоб

Август 31, 2012 16:03

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 4-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи китоб Вазорати фарҳанги кишвар баргузории як зумра чорабиниҳои адабию фарҳангиро дар пойтахт ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, дар ин рӯз дар толори Вазорати фарҳанги кишвар нишасти илмӣ ба муносибати 40- солагии интишори китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, намоишгоҳи китоб дар боғи устод Рӯдакӣ ва ҷаласаи тантанавӣ баргузор мегардад, ки дар он вазири фарҳанги ҷумҳурӣ М. Асрорӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар М. Пиров ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ иштирок намуда, сухан мегӯянд.Худи ҳамон рӯз баргузории маҳфили адабию ҳунарӣ бо иштироки адибон ва санъаткорон, боздид аз намоишгоҳи китобҳои нодир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, сипас машварати роҳбарони муассисаҳои нашриявии пойтахт дар мавзӯи «Нашри китоб: дастовард ва мушкилот» ва гулбонги адабии «Шоме бо Ҳофиз» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Август 31, 2012 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад