Танҳо ваҳдату дӯстӣ моро ба мақсад мерасонад

Август 2, 2012 08:40

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар»).-Ҳодисае, ки дар Бадахшон рух дод, ҳеҷ як фарди ватандӯсту солимақли кишварро бетараф намегузорад. Аз ҳама сангин барои мо қурбон гаштани ҳамватанони азизамон аст, ки онро бо ягон маблағ қиёс карда намешавад. Бинобар ин ба оилаҳои ҳалокшудагон, хешу таборони онҳо ҳамдардии амиқу самимии худро баён менамоем. Ин воқеаи нангин боиси таваҷҷўҳи ҷиддии доираҳои сиёсию ҷамъиятии дохилӣ ва хориҷӣ гашта, дар сархати ахбори тамоми хабаргузориҳои дохилӣ, минтақавӣ, кишварҳои собиқ Шўравӣ, инчунин расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Баъзе хабарҳо дар ин маврид хусусияти ғаразнок дошта, доираҳои муайян мехогҳанд, то ба манфиати худ истифода кунанд. То имрўз нисбат ба ин ҳодиса кишварҳое чун Русия, ИМА, Чин, Британияи Кабир, Афғонистон, Қирғизистон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чун Иттиҳодияи Аврупо, САҲА ва ғайра аксуламали расмӣ нишон дода, ба истиснои Чин ва Афғонистон, ки мавқеи яктарафаро гирифтаанд. Ҳатто дар бархе аз расонаҳо дар симои Бадахшон «Қарабоғи тоҷикӣ» ва «Абхазияи тоҷикӣ»-ро мебинанд, ки ин ишораҳои мазмундор мебошанд. Баргузории тазоҳуроти чанд нафар аз мардуми ин вилоят дар хориҷи кишвар чеҳраи Тоҷикистонро чун кишвари бесубот ва ғайридемократӣ доғдор сохт. Табиист, ки чунин вазъият ҳам ба раванди сармоягузории хориҷӣ ва ҳам ба рушди туризм, ки ҳар ду барои рушди кишвар ва вилоят муҳиманд, таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Дар ин миён хусусан баъзе расонаҳои Русия мақсади амалиётро «идомаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон» номида, вазъиятро бисёр муташанниҷ нишон доданӣ мешаванд. Бешубҳа, чунин вазъияти геополитикӣ дар атрофи масъалаи Бадахшон барои ояндаи Тоҷикистон ва амнияти минтақа бехатар нахоҳад буд. Ҳодисаҳои шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон дар вазъияти имрўзаи ҳассоси ҷаҳон, дар минтақаи ҳамсарҳад бо Афғонистон бояд мардуми кишварро водор намояд, ки арзиши ниҳоят муҳими ваҳдати миллӣ ва осоиштагиро хуб дарк намоянд. Боварии комил дорем, сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон арзишмандтарин муқаддасот маҳсуб меёбад, зеро замони нооромӣ ва рўзгори талхи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз аз ёдҳо зудуда нагаштааст. То ҳол осори он ҳодисаи нангини таърихи тоҷикон дар пайкари миллати тоҷик боқӣ мондааст. Вале бозтоби ҳодисаҳое, ки дар Хоруғ рух доданд, то ҷое баёнгари он аст, ки то ҳол мо ба дараҷаи зарурӣ ба қадри ваҳдати миллӣ нарасидаем. Баъзе аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ ҳодисаи ба миёномадаро бо хабарҳои ғаразнок бозтоб карда, ба эҳсосоти сокинони Бадахшон нохун мезаданд. Аз ин фурсат истифода карда, гурўҳҳои алоҳида ҳисси маҳалгароии шаҳрвандони кишварро ангеза медоданд, то ҷаҳолат ба ақли солим ғолиб гардида, Тоҷикистони азизро боз ба майдони кашмакашҳо табдил диҳанд. Дар марҳалаи оғози ҳодисаи мазкур онҳо қариб муваффақ шуданд, ки бо паҳн намудани ҳар гуна хабар боварии мардумро ба даст оварда, гурўҳҳои силоҳбадастеро, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар содир кардани ҷиноятҳо гумонбар медонанд, ҳамчун қаҳрамони замон муаррифӣ намоянд.Дар чанд рўзи ахир баъзе аз фарзандони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар ба ин ҳодиса аз нигоҳи манфиатҳои як маҳал баҳо дода, бо ин амалашон на ба хатми он мусоидат мекарданд, балки латмае ба обрӯю эътибори миллат ва давлати тоҷикон мезаданд. Аз изҳори назари ин қабил ашхос дар бораи ҳодисаи мадди назар чунинбармеояд, ки ояндаи субот дар ҷомеа ва ягонагии миллати тоҷик барои онҳо арзише надорад. Садо додани мавқеъҳои номувофиқ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ аз ҷониби худи тоҷикон боис ба он гардид, ки расонаҳои хориҷӣ ҳодисаро ҳарчи печидатар инъикос намоянд. Ҳатто муносибати дўстонаи Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо зери суол баранд. Ҳамватанони гиромӣ! Ҳанўз ҳам модари тоҷик аз доғи фарзанде, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳо аз даст додааст месўзад. Ҳанўз ҳам сиёҳии аз дуди оташи ҷанг дар минтақаҳои кишвар боқӣ монда ба назар мерасад. Ҳанўз ҳам пайи хисороти аз он солҳо меросмонда покиза нашудааст. Ҳанўз ҳам аз сабзаи рўи қабри ғӯрамаргони ҷанги шаҳрвандӣ бўи хун меояд… Пас ба кӣ зарур аст, ки боз хун бирезаду тоҷик бимирад? Агар тарафдори суботему ояндаи дурахшони миллату давлатро мехоҳем, моро зарур аст, ки мавқеъи маҳаллиро ба мавқеъи солими миллӣ иваз намоем! Дар ибтидои истиқлоли Тоҷикистон маҳз дар миёни мардуми тоҷик ба ҳадди ифроти худ расидани маҳалгароӣ боиси сар задани ҳодисаҳои гўшношунид гардида буд. Камтарин сабақ аз он рўзҳои мудҳиш басанда аст, ки ақли солимро ба кор барем ва ба иғвои душманон фирефта нашавем.Хушбахтона, вазъи Хоруғ бо маром ором шуда, ҳодисаи нангин ҳалли худро ёфта истодааст. Умед дорем гурўҳи корие, ки барои музокирот бо ширкати намояндагони ҳукумат, чеҳраҳои маъруфи ҷомеа, зиёиёну диндорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷониби силоҳбадастон ташкил шудааст, ба натиҷаи мусбат мерасад. Мардуми сарбаланди Тоҷикистонро зарур аст, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, анҷоми фаъолияти гурўҳи кориро интизор шаванд. Имрўз барои баъзеҳо мавҷудияти нерўҳои давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон боиси нигаронӣ ва ташвиш гардидааст. Ҳамагон бояд донанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моҳ пеш дар ВМКБ машқҳои низомиро анҷом дод, ки ҳадафи аслиашон аз омода намудани ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди силоҳбадастони баромадашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, иборат буд. Тибқи иттилооти иктишофии Ҷумҳурии Афғонистон дар дараи Варсичи вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳудуди 400 то 1000 силоҳбадаст қарор дорад. Мутобиқи иттилооти манбаъҳо ин нерўҳо ҳадаф доштанд, ки ба марзи Тоҷикистон аз Афғонистон дохил шуда, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ноамниҳоро ба вуҷуд оранд. Маҳз ин омил яке аз сабабҳоест, ки сафи нерўҳои низомӣ дар минтақа бештар гардид. Яъне, вазъи сиёсиву иҷтимоии минтақа бо назардошти вазъияти Афғонистони ҳамсоя тақозо мекард, ки сафи нерўҳои низомӣ дар ВМКБ бештар гардад. Аз ин гурўҳҳои ҷинояткор ба ҳарос афтода, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст заданд.Аз ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи генерал Абдулло Назаров ва шурўъ шудани муноқиша дар Бадахшон, ки дар он Толиб Айёмбеков, сардори ситоди дидбонгоҳи марзбонии Ишкошим, подполковники Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахолати мустақим дошту таҳдид карда буд, ки дар сурати шурўи амалиёт ў аз Афғонистон кўмак хоҳад гирифт. Чунин изҳороти Т. Айёмбеков боиси он гардид, ки нерўҳои низомӣ дар вилоят ин изҳоротро хеле ҷиддӣ гирифта, барои пешгирӣ намудани ҳолати низоъбарангез амалиётро оғоз карданд. Амалиёт нишон дод, ки нерўҳои мухталифи афғонӣ бо ҳайати кам ҳам бошад, дар задухўрдҳо иштирок карданд. Тавре, ки маълум аст, ҳашт нафар афғон ба асорат гирифта шуд. Ҳукумати Афғонистон низ дар ин маврид аз мавқеи давлати Тоҷикистон раcман дастгирӣ намуд. Дар ҳар сурат баъд аз ин бо дастури Сарвари давлат амалиёти низомӣ қатъ гардид ва музокирот шурўъ шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи манфиатҳои мардуми вилоят омодагӣ изҳор намуд, ки дар сурати силоҳбадастонро супоридани силоҳ афв намояд ва барои онҳо имтиёзҳониз пешбинӣ кунад.Ҳамагон бояд итминон дошта бошем, ки танҳо дар якҷоягӣ ва ваҳдат ба ормонҳои миллати хеш хоҳем расид.
 
МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Август 2, 2012 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид