Ташкили «Ҳосил-2012» дар Суғд
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ дар вилоят қарори раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2012» ба имзо раcид. Аз рӯи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи қарори мазкур ҳайати cитоди вилоятии «Ҳосил-2012» таъйин шудааст. Вобаста ба қарор раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят вазифадор шудаанд, ки ситодҳои маҳаллии «Ҳосил-2012»-ро таъсис дода, фаъолияти босамари онҳоро ба роҳ монанд. Ҳамчунин Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилоят бояд шартҳои мусобиқаи меҳнатиро байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор то 15 сентябри соли 2012 муайян намоянд. Бояд зикр намуд, ки инчунин ба Сарраёсати вилоят супориш шудааст, ки ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он ҳар 20 рӯз ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази шаҳру ноҳияҳои пахтакор «Парчами шараф» барафрохта шавад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






