Вусъати ҳамкориҳо бо Хазинаи байналмилалии Асъор

Август 28, 2012 10:24

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо мудири иҷроияи (ХБА) Хазинаи байналмиллалии асъор Рене Вебер мулоқот намуд. Н. Шамсов ба масъули баландпояи Хазинаи байналмилалии асъор барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи рушди низоми бонкӣ ва молиявии кишвар изҳори миннатдорӣ карда, иттилоъ дод, ки чанде қабл Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳотии соҳаи мазкурро ба тасвиб расонд, ки ба кишвар барои дастрасӣ ба захираҳои ХБА имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки чунин ислоҳотро амалӣ намуда, квотаи худро дар ХБА боло бурдааст. Ҳамзамон изҳори умедворӣ шуд, ки Хазина тавассути Намояндагии худ дар Душанбе ба раванди ҳамкории амалӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти авлавиятҳои рушди иқтисодии кишвар вусъат хоҳад бахшид. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Август 28, 2012 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа