Ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират
Душанбе,24 сентябр.(АМИТ «Ховар»,Покиза Маҳмадбекова).-Охири ҳафтаи гузашта мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ба намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ Томас Очакос баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд ,ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва тарбияи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мавриди муҳокима қарор доданд. Мусоҳибон иброз доштанд,ки ҳамкории байни Тоҷикистон ва Бонки умуми- ҷаҳонӣ дар ин самт бояд минбаъд ҳам рушду густариш дода шавад. Тарҷумон-М.Шарифов.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






