Ҳамойиши ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни бузург- 21-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 7 сентябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон «Корвони сулҳ» таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…» доир мегардад.Дар фестивал намояндагони фаъоли қишри ҷавон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва ҳамсоякишвари Қирғизистон ширкат менамоянд. Нахуст қабули меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонии фестивал аз сарҳади шаҳри Истаравшан ва Исфара оғоз гардида, тӯли се рӯз иштирокчиён аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Истаравшану Исфара, Хуҷанду Чкалов, навоҳии Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғаффуров дидан хоҳанд кард. Тибқи барномаи фестивал, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишию мубоҳисавӣ, вохӯриву мулоқот ва дигар чорабиниҳои баландмазмун дар назар аст. Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ҷавонони кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ», семинар-машварати табодули таҷрибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар бахши кор бо ҷавонон, барномаи фарҳангии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон аз зумраи чорабиниҳоеанд, ки тибқи барономаи фестивал пешбинӣ мегарданд. Лозим ба ёдоварист, ки баргузории ин гуна чорабинӣ дар кишвар барои ба вуҷуд омадани як ҳаракати муташаккилонаи фестивалӣ замина гузошта, ба якдиливу ҳамбастагии ҷавонони ду кишвари ба ҳам дӯст мусоидат хоҳад кард. Маҳз тавассути чунин чорабиниҳо насли наврас ва ҷавон имкон пайдо мекунад, ки аз рӯзгори ҳамдигар бештар огаҳӣ пайдо намояд. Фестивал барои вусъату густариши ҷаҳонбинию олами маънавии насли ҷавон, ваҳдату якдилӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хеле муассир аст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






