Ҳукумати электронӣ дар ҳоли рушд аст
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дуюмин конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Бартариҳои технологияҳои мобилӣ дар рушди ҳукумати электронӣ дар кишварҳои Осиё» бо ҳузури беш аз сад мутахассис, мушовир ва намояндаи ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, парлумон, дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва намояндагону коршиносон аз кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Русия, Молдова, Гурҷистон, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин ва Қирғизистон 25 сентябр дар Душанбе оғоз ёфт. Муҳаббатшо Рўзадоров — мушовири Президенти ҷумҳурӣ оид ба илм ва технологияҳои муосир, котиби масъули Шўрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ /ТИК/ –и назди Президенти ҷумҳурӣ Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони конфронси байналмилалӣ расонд. Мавсуф зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дастрасӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар қадамҳои муассир мегузорад. Тоҷикистон узви ҷудоинопазири ҷомеаи башарист ва бобати татбиқи сиёсати дохилӣ, ки низомаш эъмори ҷомеаи дунявию демократист, дар мавриди таҳкими ҳукумати электронӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар шароити кунунии рушди технологиҳои иттилоттию коммуникатсионӣ ва хизматрасонии интернетӣ, ки маҷмўи технологияҳои пешрафта маҳсуб меёбад, вусъати муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишварамон бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон аз имкон берун аст. Маҳз бо шарофати тадбирҳои самарабахши Ҳукумати мамлакат сол аз сол хизматрасонӣ дар бахши технологияҳои муосири иттилотию коммуникатсионӣ ва дастрасии аҳолӣ ба онҳо тақвият меёбад. Мисоли равшани он Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»», ки соли 2003 ба тасвиб расида буд, инчунин таҳияи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Кишвари мо дар бобати татбиқи Консепсияи мазкур тасмим гирифтааст, ки аз навъҳои мухталифи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлати худ самаранок истифода барад ва мушикилоти рўзгори шаҳрвандонашро дар бахши хизматрасонии давлатӣ осон гардонад. Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар Душанбе барои рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши истифодаи технологияҳои муосири иттилотию коммуникатсионӣ, истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар роҳи ташаккули ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд. Иштирокдорони конфронс доир ба «Консепсияи рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон», «Стратегияи Молдова- 2020», таҷрибаи ватанӣ оид ба истифодаи ТИК дар фаъолияти мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, рушди хизматрасониҳои электронӣ дар сохтори давлатии Гурҷистон, лоиҳаҳои ҳукумати электронӣ дар иёлоти Карнатакаи Ҳиндустон , ташаббуси ҳукумати электронии Афғонистон, омилҳои пешбурди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Корея, лоиҳаи замонависозии идораи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон табодули назар намуданд. Конфронси мазкур, ки муддати ду рўз идома меёбад, бо ташаббуси Шӯрои ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи «Интернет — сервис провайдерҳо» бо кўмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе созмон дода шудааст. 12.10.