Ҷамъбасти озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Тоҷикистон»

Сентябрь 17, 2012 14:03

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 15 сентябри соли равон дар боғи «Ирам» дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Агентии Тоҷикстандарт Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод: «Мақсади мо, пеш аз ҳама таъмини нақши муассиру самарабахш ва татбиқи барномаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат ҷиҳати пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ ва табдил додани мамлакат ба давлати тараққикардаи дунявӣ, ки барои ҳар як фарди ҷомеа шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро таъмин месозад, мебошад». Вай афзуд: «Мо барои он фаъолият дорем, ки дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти хушсифат ва бештар истеҳсоли ватанӣ бошад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ қабл аз ҳама мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. Ҳамзамон, ин амал ба муаррифии имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ нигаронида шудааст». Чунин озмун дар кишварамон бори сеюм аст, ки баргузор мегардад. Дар ташкили озмун як силсила вазорату идораҳо дар доираи ваколатҳои худ саҳм гирифтанд. Аз ҷумла, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Марказҳои минтақавии Тоҷикстандарт, мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои вилоёт ва шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот». Даври аввали озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ширкати фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ гузашт ва натиҷаҳои дилхоҳ дод. Озмун аз рўи якчанд номгӯй баргузор гардид: маҳсулоти озуқаворӣ, маҳсулоти саноатӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии сартарошхонаву меҳмонхонаҳо, туризм ва саёҳат. Бояд гуфт, ки ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҶСК «Авитсенна», нӯшокии гайриспиртии «Микс», ҶДММ «ШОМ», ҶДММ «Офсет», КВД «Зари Кӯлоб», ҶДММ «АВИС СИТИ» ва соҳибкори инфиродӣ Зулайхо Хокироева аз ҶСК «Суман», соҳибкори инфиродӣ Б. Наҷмидднов, чеварон Мукаррам Усмонова ва Бисолиҳа Ҳакимова, ҳунарманди миллӣ, зардӯз ва гулдӯз Нурихон Ибодуллоева, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ба номи «Хоҷа усто Алӣ» ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳаёт» интихоб гардиданд.

Сентябрь 17, 2012 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад