Афзоиши номгӯи маҳсулоти саноатӣ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ афзоиш ёфт,-иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар».Бояд ёдовар шуд, ки ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ба 3 млрд. 520 млн. сомонӣ расидааст, ки аз он 1 млрд. 954 млн.сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ бо нӯшокиҳо ва тамоку, 590 млн. сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, 209 млн. сомонӣ маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, 518 млн.сомониро истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ ташкил дод.Боиси тазаккур аст, ки номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард 12 фоиз афзудааст ва ин маънои онро дорад, ки содироти даҳҳо номгӯй маҳсулоти ашёи хом ба хориҷи кишвар кам гардида, он дар дохили кишвар коркард ва истеҳсол мегардад. Ҳамчунин дар ин муддат истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 4,9 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 1,8 баробар ва истеҳсоли маснуоти чармӣ аз ҳисоби зиёдшавии коркарди пӯст 2,5 баробар афзудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






