Баргузории аввалин ҷашни тавонмандсозӣ дар “Хонаи Эрон”
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). – Дар хонаи Эрон воқеъ дар шаҳри Душанбе маҳсули дастони соҳибкорони шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб, Ваҳдату Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанду Нуробод ба намоиш гузошта шуд. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи баргузории аввалин ҷашни тавонмандсозии 1100 хонаводаи таҳти ҳимояти Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар ҳамин ҳол ширкатдорон ва соҳибкорон гуфтанд, пас аз гирифтани кумак ва қарзҳои бефоизи Кумитаи мазкур онҳо соҳиби ҷои кор ва нафарони зиёде аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касбҳои гуногун гардидаанд. Марҳабо Исмоилова як сокини шаҳри Душанбе аст, ки мегӯяд, дар давоми 7 сол зиёда аз 650 шогирдро ба таълим фаро гирифта ва соҳиби касб кардааст. Ӯ гуфт, мураббияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар асту дар ин муддат бо дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Хумайнӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Хонум Исмоилова афзуд, ки барои ҷавондухтароне, ки камбизоат ва ятим ҳастанд таҳти раҳбарии ӯ ва кӯмакҳои Кумитаи имдод касби дар мӯҳлати 3 моҳ омузонида мешавад. -Ҷавондухтароне, ки ин давраҳои омӯзиширо мегузаранд соҳиби гувоҳнома мегарданд. Барои мо муҳим нест, ки аз кадом минтақаи кишвар ба мо муроҷиат мекунанд, муҳим ин аст, ки аз мо як ҳунарро ёд гирифта соҳиби ҷои кор шаванд. Қисме аз шогирдони мо баъди хатми ин курсҳо мураббия ва баъзеашон дар хонаҳои худ ба сифати чевар кор мекунанд,-афзуд вай. Гуфта мешавад, дафтари намояндагии ин кумита дар Тоҷикистон 18 сол аст, ки фаъолият дорад ва танҳо дар ин муддат аз барномаҳои омӯзишии ин кумита наздики 8 ҳазор ҳунаромӯз аз давраҳои омузишии он фориғул шудаанд. Ҳамчунин дар муддати чаҳор соли ахир теъдоди тавонмандшудагон ба беш аз 1000 хонавода расидааст. Дар ҳамин ҳол Меҳрона сокини 25-солаи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки пас аз омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддат касби дӯзандагиро омӯхтаааст ва аз кӯмак ва қарзҳои бефоизи Кумитаи имдод барҳравар шуда, соҳиби мошинаи дарздузӣ гардид. “Ман ҳоло мустақилона ба чанд нафар ҷавондухтарон, ки мисли шогирд наздам меоянд, ин касбро ба онҳо меомӯзонам ва ҳамчунин даромади хубе ҳам ба даст меорам. Албатта, барои одами беҳунар ёфтани маблағ мушкил аст ва одамро бекориву бепулӣ хаста мекунад. Аз ҷониби дигар, беҳунариву бекорӣ ҷавондухтаронро ба роҳҳои гуногун мебарад, ки ин шистаи духтари тоҷик нест,”-мегӯяд Меҳрона. Ҳусайн Анворӣ сарпарасти Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ ки дар баргузории ҷашни тавонмандсозӣ ширкат дошт,фаъолиятҳои густурдаи Кумитаи мазкурро дар ёрирасонӣ ва кӯмак ба афроди камбизоат ва дастгирии ин ниҳоди эронӣ ки беш аз сад ҳазор хонаводаи тоҷикро тавонманд кардааст, боиси харчи бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон унвон кард. Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи имдод ба унвони бузургтарин созмони хайрияи байналмилалӣ кӯмакҳои башардустона ва беғаразонаи худро бидуни марзбандиҳои нажодӣ, мазҳабӣ, бо ҳадафи тавонмандсозӣ ва тақвияти саломатии хонаводаҳои камбизоат ироа медорад. Баъд аз гузашти 17 сол аз фаъолияти дафтари ин кумита дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон , дар ҳоли ҳозир ин дафтар дорои 7 шӯъбаи намояндагӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Ваҳдат, Нуробод, Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ ва 20 шӯъбаи хизматрасонӣ дар дигар ноҳияҳо ва дорои 50 коргоҳи омӯзишии ҳайётӣ, роёна ва сангтарошӣ мебошад.