Барномаи идонаи ҳунарӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолият

Сентябрь 7, 2012 11:03

Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 9 сентябр дар майдони «Наврӯзгоҳ» бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи идонаи ҳунарӣ таҳти унвони «Нишоти истиқлолият» намоиш дода мешавад. Мувофиқи суханони роҳбари бадеии барнома, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Набӣ Ҷалолов, дар ин чорабинӣ дар баробари ҳунарпешагон сарбозон, донишҷӯёни донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ, санъат ва консерватория низ иштирок мекунанд. Барномаи намоиши ҳунарӣ иборат аз рақсу суруд дар иҷрои ҳамаи дастаҳои маъруфи ҳунарӣ, балет ва санъати эстрадӣ мебошад. Имсол дар ин чорабинӣ, ба ҷузъ донишҷӯёни мактабҳои олии бахши фарҳанг, хонандагону донишҷӯён сафарбар карда намешаванд. Ғайр аз ин, ба барномаи намоиш ҳунарнамоии варзишгарон бо иштироки варзишгари номии тоҷик, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондон Мавзуна Чориева шомил шудааст.

Сентябрь 7, 2012 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд