Баронесса Ворисӣ ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар ҳошияи 67-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири давлатии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба корҳои хориҷӣ Баронесса Саида Ҳусайн Ворисӣ мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши муносибатҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мусоҳибон инчунин перомуни масъалаҳои тавсиаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи минтақавӣ, аз ҷумла ҷалби Афғонистон ба татбиқи барномаю лоиҳаҳое, ки аҳамияти минтақавӣ доранд ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вазири давлатии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро даъват намуд, ки аз Тоҷикистон дар фурсати барояш муносиб боздид ба амал оварад. Даъвати мазкур бо камоли сипос пазируфта шуд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






