Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон

Сентябрь 18, 2012 10:57

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»)-Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Рӯшон огоз ёфт.Дар ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва як мактаб-интернати муҳташами ҷумҳуриявӣ барои 640 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Зимни боздид аз филиали муассисаи давлатии литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, аз ҷумла зикр гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоӣ, ки имконоти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, ҳунарҳои ҳисобдорӣ, дӯзандагӣ ва технологияҳои компютерӣ меомӯзанд.Тавре зикр гардид, мабалғгузории ин муассисаи таълимӣ аз сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ буда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таълими умумӣ, касбомӯзӣ ва будубоши шабонарӯзӣ муҳайё аст. Толибилмони ин муассиса бо ошхонаи зебою барҳаво, хӯроки бепул, хобгоҳи хуштарҳи замонавӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастур дод, ки шароити таълиму ҳунаромӯзии литсей боз ҳам беҳтар карда шавад. Таъкид гардид, ки бо кӯтоҳ намудани муҳлати ҳунарҳои зудазхудшаванда шумораи умумии хатмкунандагони литсей афзун карда шавад.Зимни боздид аз мактаб-интернати сеошёнаи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки он барои 640 нафар хонандагони ятиму бепарастон ва аз оилаҳои ба кумак ниёзманд аз тамоми гӯшаю канори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст.Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва дигар шароити муосири таълиму тарбия мебошанд. Ба гуфти омӯзгорону хонандагон, онҳо чунин мактаби муҳташаму дорои беҳтарин шароити замонавиро танҳо орзу мекарданд.Шароите, ки дар толори бузурги варзишии он муҳайё гардидааст, метавонад натанҳо аз ҷониби мактаббачагон, балки дигар ҷавонону наврасони ноҳия мавриди истифода қарор гиранд. Дар толори бузурги маҷлисии он низ метавон натанҳо чорабиниҳои мактабӣ, балки ноҳиявӣ ба роҳ монда шаванд.Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон, ҳамчунин дорои ошхонаи зебою муҷаҳҳаз бо 180 ҷойи нишаст ва бинои дуошёнаи хобгоҳ мебошад. Хобгоҳи мактаб ҳоло дорои 450 ҷойи хоб буда, дар он тамоми шароити зисту истироҳат, дарстайёркунӣ ва ғайра муҳайё гардидааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия бо намояндагони сершумори омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи Рӯшон мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни суханронии Сарвари давлат ва маҳфили пурсишу посухҳо ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи Рӯшон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки роҳҳои дохилии маркази ноҳияи Рӯшон дар муҳлати кӯтоҳ пурра навсозӣ карда шаванд.Тибқи дастури дигари Президенти кишвар мушкили норасоии нерӯи барқ дар водии Бартанг дар солҳои наздик бо бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ бояд бартараф гардида, роҳҳояш навсозӣ шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 18, 2012 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид