Cармоягузории ширкатҳои бузурги Фаронса ба Тоҷикистон
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Леруа доир гардид. Аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот Ш. Раҳимзода аз рушди бемайлони ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Фаронса изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар оянда низ омодааст, то дар густариши ҳамкориҳо саҳмгузор бошад. Дар навбати худ, Дидйе Леруа аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамчун сафир ҷиҳати вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои мухталиф аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. Дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






