Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҷашнвораи малламўйҳо Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти Би-Би-Си ҳафтаи равон дар шаҳри Барадаи Нидерландия ҷашнвораи малламўйҳо баргузор гардид, ки дар он аз 52 мамлакати дунё иштирок намуданд.Теъдоди иштирокчиён қариб ба 1 ҳазору 500 нафар расид. Мувофиқи иттилои ташаббускорони ин маърака дар айни ҳол дар ҷаҳон шумораи шахсони малламўй ба тадриҷ кам шуда, феълан як дарсадро ташкил медиҳад. Ба ақидаи олимон пас аз сад сол шахсони маламўй умуман аз байн хоҳанд рафт. Амалиёти террористӣ дар Беслани Осетия Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Беслани Осетия ҳар сол моҳи сентябрро ҳамчун мотам эълон кардаанд. Чунки моҳи сентябри соли 2004-ум террористон амали нопоки худро дар мактаби раками 1 шаҳри Беслан анҷом дода буданд, ки бар асари он 334 нафар, аз ҷумла 172 кўдаку наврас ба ҳалокат расид. Террористон баъди тарҳрезӣ намудани амалҳои худ 1 ҳазору 100 нафар кўдак, волидайн ва мураббии онҳоро ҳамчун гаравгон нигоҳ дошта, муддати ду шабонарўз дучори шиканҷа намуданд. Баъди анҷоми амалиёти мақомоти махсуси Вазорати корҳои дохилии кишвар терорристон безарар гардонида шуданд. Талафоти ҷонӣ аз ҷониби аҳолӣ ба қайд гирифта нашуд. Ҳамасола ба хотири шод намудани рўҳи қурбониён аҳолӣ дар ҷои ҳодиса гул мегузорад. Афзоиши бекорон дар Каралинаи Шимолии ИМАДушанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳазорҳо нафар дар кўчаҳои марказии штати Каралинаи Шимолии ИМА ҷамъ омада, эътирози хешро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорон баён доштанд. Тазоҳуркунандагон аз роҳбарони баландпояи кишвар талаб доранд,ки ҳарчи зудтар музди меҳнат ва нафақа баланд ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳимоя шаванд, чунки маоши имрӯза басанда нест. Ҳамчунин онҳо талаб менамоянд, ки ҳукумат дар ширкату корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ шароити мусоиди кориро фароҳам созад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






