Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Мутахассисони низомии ҳарбӣ таълимдиҳиро қатъ намуданд Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти расонаҳои хабарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мутахассисони низомии ҳарбӣ таълимдиҳиро ба кормандони мақомоти полис муддати чанд вақт боз қатъ намудаанд. Сабаб дар зиёд гардидани ҳамлаи Толибон ба низомиёни НАТО мебошад.Ба ақидаи низомиён моҳҳои охир кормандони мақомоти полис бо Толибон бештар алоқамандӣ пайдо намуданд. Бояд қайд кард, ки ҳамлаҳои низомиёни НАТО дар минтақаҳое содир мешавад, ки кормандони мақомоти полис дар ришвахўрӣ ва хунукназарӣ доштан нисбат ба вазифаи худ айбдор мешаванд. Ба гуфти сардори раёсати низомии ҳарбӣ тайи чанд сол аст, ки толибон худро ба ҳайси полис нишон дода, шомили мақомоти қудратӣ мегарданд ва пайваста ба амалҳои террористӣ даст мезананд.Дар чунин ҳолати ногаҳонӣ соли ҷорӣ 45 нафар сарбози НАТО ба ҳалокат расидаанд, аз ҷумла 15 нафари онҳо моҳи гузашта ҳалок гардиданд. Сўхтори бешазор дар Португалия Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Чанд рӯз қабл дар Португалия сўхтори бешазор ба амал омад. Ба гуфти расонаҳои хабарии кишвар сўхтор дар муддати кӯтоҳ ба сӯи пойтахти мамлакат -шаҳри Лиссабон ба воситаи шамоли вазнин торафт наздик мегашт. Барои хомўш намудани забонаи оташ дар ҷои ҳодиса зиёда аз чанд ҳазор нафар кормандони хадамоти марбута ва ҳолатҳои фавқулодда аз тамоми мамлакат барои катъ кардани оташ бо истифода аз 100-адад мошини оташнишонӣ ва 16-чархбол фаъолият доштанд. Дар вақти рух додани чунин ҳодиса то хомӯш кардани он ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳои мошингарди шафати ҷангалзор ва роҳи оҳан пурра қатъ гардида буд. Ба гуфтаи мутахассисони бодуҳавошинос сабаби сар задани сўхтор ҳарорати баланди ҳаво ва хунукназарии сокинони кишвар дар вақти афрўхтани гулханҳо дар минтақаҳои назди бешазор ба шумор меравад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






