Чорабинии бекирмгардонӣ шурӯъ мешавад
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 17 то 28 сентябри соли ҷорӣ дар байни толибилмони муассисаҳои таълимии кишвар чорабинии бекирмгардонӣ бо истифода аз ду намуд доруворӣ – албендозол ва празиквантел ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ, ба ин чорабинӣ наврасони аз синни 7 то 17 сола фаро гирифта мешаванд.Мақсади асосии чорабинӣ аз коҳиши миқдори гелминтҳо дар бадани кӯдакону наврасон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии ин бемориҳо ва паст намудани сатҳи сирояти бемориҳо дар байни аҳолӣ, алалхусус кўдакону наврасон иборат мебошад.Вазорати тандурустӣ аз ҳамаи волидон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз 17 то 28 сентябри соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд гузаштани ин чорабинӣ ҳамаҷониба мусоидат кунанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






