«Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»

Сентябрь 11, 2012 13:30

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Аз 4 то 7 сентябри соли 2012 дар вилояти Суғд Фестивали ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистонро таҳти шиори «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» доир намуд.Дар фестивал 100 нафар ҷавони тоҷик аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ва 20 нафар ҷавон аз Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
4 сентябри соли 2012 иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистонро дар сарҳади шаҳри Истаравшан раиси ноҳияи Истаравшан Иброҳим Абдуллоев, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Бӯриев ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фаридун Ҳодибоев истиқбол намуданд. Иштирокчиёни Фестивал аз Маркази ҳунармандони шаҳри Истарафшан боздид намуда, бо ҳунарҳои дӯзандагӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ ва оҳангарии ҷавонони шаҳри Истаравшан аз наздик ошно гардиданд.Бо иштироки ҷавонони ҳарду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ҷавонони кишвар дар таҳкими ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, ки дар таҳкими дӯстии ҷавонони ду кишвар нақши созгор гузошт. Субҳи рӯзи 5 сентябр иштирокчиёни Фестивалро дар назди муҷассамаи асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо ҳамроҳии ҷавонони шаҳр бо нону намак ва гулдастаҳо гирифтанд. Баъдан суруди миллии ҳарду кишвар аз ҷониби иштирокчиёни Фестивал ва ҷавонони шаҳри Хуҷанд суруда шуд. Ҳамзамон вохӯрии иштирокчиёни Фестивал бо собиқадорони меҳнат ва шахсони барӯманди вилояти Суғд дар мавзӯи «Решаҳои дӯстӣ ҳамеша пойдор хоҳанд монд» баргузор гардид. Дар даромадгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси шаҳри Хуҷанд Содиқ Мирхолиқов ва ҷавонони ноҳия меҳмонон ва иштирокчиёни фестивалро бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Ҳамзамон баъд аз боздид ва вохӯрӣ бо сарбозони қисми низомии 14356-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров бо арзи эҳтиром гулчамбар гузоштанд. Бегоҳии ҳамон рӯз иштирокчиёни чорабинӣ аз мактаб –интернати махсуси Президентӣ дар шаҳри Чкалов дидан намуда, аз таълиму тадриси хонандагон ва шароити зиндагонии онҳо огоҳӣ пайдо намуданд.Субҳи 6 сентябри соли 2012 дар даромадгоҳи шаҳри Қайроққум иштирокчиёни фестивалро Раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошов бо ҳамроҳии ҷавонони шаҳр пешвоз гирифт.Баъд аз боздид аз осоишгоҳи «Баҳористон» ва сайругашт дар соҳили Баҳри тоҷик дар толори осоишгоҳи номбурда машварат оид ба табодули таҷриба дар соҳаи кор бо ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» баргузор шуд. Дар поёни барномаи фарҳангӣ, ки бо иштироки ҳунармандони ҷавони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, «Муроҷиатнома»-и Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Кирғизистон таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» аз ҷониби олими ҷаони тоҷик Илҳом Абдуллоев қироат шуд, ки ҷавонони ҳарду кишвар онро хуб пазироӣ карданд. Фастивали «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» дар рӯҳияи сиёсиву фарҳангӣ ва дӯстиву якдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.
 
Дар ин бора мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров иттилоъ дод.

Сентябрь 11, 2012 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад