Даромади алоқа 3,2 маротиба афзуд
Душанбе, 13 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ду моҳи охир даромади алоқа бештар афзоиш ёфт.Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ даромад аз фаъолияти асосӣ ва ғайриасосии оператори миллии ҶСШК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи тоҷик» танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 138 млн. сомонӣ ва даромади операторони хусусӣ 10 млн. 860 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 баробар зиёд аст.Ба иттилои манбаъ, дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз рӯи даромади алоқаи пушта 3 млн. 217 ҳазор сомонӣ, алоқаи телеграф 420 ҳазор сомонӣ, алоқаи телефонии байнишаҳрӣ 31 млн. 319 ҳазор сомонӣ, алоқаи телефонии шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ 16 млн. 872 ҳазор сомонӣ, алоқаи радиоӣ 29 ҳазор сомонӣ, интернет ва пуштаи электронӣ ба миқдори 1 млн. 378 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби ба иҷора додани хатҳои алоқа ва воситаҳои асосӣ ба андозаи 85 млн. 940 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст овардааст.Дар ин давра ба андозаи 6 млн. 807 ҳазор фармоиш барои гуфтугӯи байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ хизмат расонида шудааст, ки аз он 5 млн. 658 ҳазор фармоиш барои гуфтугӯ бо мамлакатҳои ИДМ рост меояд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






