«Дордой» -«Пномнен Кроун». Шикасти дарднок

Сентябрь 27, 2012 16:35

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)- Дар даври дуввуми мусобиқа барои Ҷоми Президенти АФК, ки дар Душанбе ҷараён дорад, дастаи «Дордой» финалисти бозиҳои соли гузаштаи ин ҷом «Пномпен Кроун»-ро ба қавле «торумор кард». Шояд аз мутахассисини соҳаи футбол касе гумон надошт, ки чунин натиҷа дар шаҳри Душанбе рух медиҳад, зеро дар рӯзи аввали нишасти матбуотӣ сармураббии англиси ин даста Давид Бус (David Booth) ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дастаи ӯ барои Ҷом муборизаи қатъӣ хоҳад бурд. Вале ин бохт шояд бохти охирини ин даста набошад. Дар вохӯрии оянда пагоҳ соҳиби майдон- дастаи «Истиқлол» ин дастаро имтиҳон хоҳад кард. Натиҷаи калони 8 бар 0 то рӯзи охирин футболбозони «Дордой»-ро дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» нигоҳ медорад. Дар гурӯҳи «Б» «Тайвань Пауэр Компани» баъди пирӯзӣ бо натиҷаи 3 бар 1 бар «КРЛ» -и Покистон бо 4 имтиёз садрнишин аст. Дар сурати дар вохӯрии охирин бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шудани дастаи «Ал-Аммарӣ» бар футболбозони «КРЛ» фаластиниҳо ба бозии ниҳоӣ роҳхат хоханд гирифт.

Сентябрь 27, 2012 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад