Фардо Рўзи падари шеъри форсист

Сентябрь 21, 2012 13:52

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фардо, 22 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи Рўдакӣ таҷлил мегардад. Дар робита ба ин сана, бо ибтикори шаҳрдории Душанбе пагоҳ дар Боғи устод Рўдакӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Бўйи ҷўи Мӯлиён» барпо мешавад, ки дар он адибону донишмандон ва аҳли зиёи кишвар иштирок менамоянд. Аз шўъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маҳфили адабиро барномаи ҷолиби мусиқӣ, ки иборат аз суруду таронаҳои ҳунармандони хушсалиқаи кишвар бар ашъори устод Рўдакист, бошукўҳтар менамояд.  Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2002 инҷониб ҳамасола дар Тоҷикистон Рўзи Рўдакӣ таҷлил мегардад. Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс- Одамушшуарро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (858-941), ки дар адабиёти ҷаҳонӣ ба унвони қофиласор ва падари шеърӣ форсӣ ёд мешавад, 1154 сол муқаддам дар яке аз деҳаҳои хушманзари Панҷрўди Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар аҳди Сомониён дар ташаккули назми классикии тоҷик саҳми барҷаста ва мондагор гузоштааст. Ин аст, ки баъд аз гузашти беш аз 1000 сол ашъори безаволи ин нобиғаи оламшумули назми тоҷик арзишу асолати азалии худро гум накардааст. Шеъру қасидаҳои устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки бо соддагию равонӣ ва хушоҳангиашон назир надоранд, баъд аз гузашти беш аз даҳ қарн вирди забони насли имрўз аст. Соли 2008 дар Тоҷикистон 1150 –солагии қофиласолори назми классикии тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шаҳри Душанбе ва зодгоҳи шоир — деҳаи Панҷрўд дар сатҳи баланд бо иштироки меҳмонон, олимону донишмандони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Ба ифтихори 1150-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс- Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе боғи сарсабзу хуррам бо унвони Боғи устод Рўдакӣ бунёд шудааст, ки он ба сайргоҳи сокинону меҳмонони пойтахт табдил гаштааст. Дар маркази Боғи устод Рўдакӣ дар назди фаввораи бузур пайкараи шоири тавонои тоҷик –Рўдакӣ гузошта шудааст, ки он рамзест аз тамаддунофарии миллати тоҷик. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷовидон гардонидани хотираи устод Рўдакӣ яке аз ноҳияҳои бузургтарини кишварро ба номи шоир номгузорӣ намудааст.

Сентябрь 21, 2012 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид