Гулӯзиндонакро пешгирӣ намоед
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Шурӯъ аз имрӯз дар доираи Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак даври якум дар байни аҳолии аз 7 то 21-сола бо ваксинаи АДС-М оғоз гардид. Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ пешгирии бемории гулӯзиндонак ва баланд бардоштани сатҳи масъунияти аҳолӣ нисбат ба бемории гулӯзиндонак мебошад.Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар назди вазорат Ситоди кишварии ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои гулӯзиндонак ташкил гардида, ба сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, директорони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, директорони бахшҳои Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика супориш шудааст, ки ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро низ созмон диҳанд. Чорабинӣ то 29 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






