Хабарҳо аз Бадахшон
Қасри фарҳанг ва китобхона дар ТавдемДушанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Ноҳияи навтаъсиси Роштқалъаи ВМКБ дар солҳои соҳибистиқлолӣ хеле тараққӣ кард. Дар ноҳия танҳо дар солҳои охир бинои 2 бонк, беш аз 20 мактаб, варзишгоҳи замонавӣ, 24 муассисаи тиббӣ бунёд гардид. Ба наздикӣ бунёди нерӯгоҳи пуриқтидори барқии «Себзор» оғоз меёбад.Рӯзи 6-уми август бо ширкати раиси вилоят Қодири Қосим дар деҳаи Тавдем хатти об барои 120 хонавода мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин рӯз дар ҳамин деҳа нахустхишти биноҳои боҳашамати Қасри фарҳанг ва китобхона низ гузошта шуд. «Баҳористон» дар АличурДушанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Сокинони маркази ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб акнун дар баробари барномаҳои шабакаҳои аввали телевизиони Тоҷикистон, муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», «Ҷаҳоннамо», инчунин телевизиони «Баҳористон»-ро, ки асосан барои кӯдакону наврасон барномаҳо пешкаш менамояд, тамошо мекунанд. Дар арафаи ҷашни истиқлолият коркунони техникию муҳандисии Маркази пахши барномаҳои телевизион ва радиои вилоят дар ин ҷо таҷҳизоти пахши барномаҳои телевизиони «Баҳористон»-ро васл намуданд. Бо шарофати истиқлолият, — мегӯяд сармуҳандиси маркази пахши барномаҳои телевизион ва радиои вилоят Алимурод Шомуродов,- дар тамоми деҳаҳои ноҳияи Мурғоб таҷҳизоти интиқолдиҳандаи барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ васл гардид. Бунёдкорӣ дар ВаҳдатДушанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Шаҳраки Ваҳдат – маркази маъмурии навбунёди ноҳияи Шуғнон дар деҳоти Поршнев имрӯз ба майдони калони бунёдкорӣ шабоҳат дорад. Хусусан, ба истиқболи ҷашни Истиқлолият дар иншооти сохташавандаи ин ҷо меҳнати суботкорона дар авҷ аст. Чунонки раиси ҷамоати деҳот Шерғозӣ Назришоев иттилоъ дод, сохтмони чор иншооти ҷашнӣ-биноҳои дуошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшҳои ноҳиявии «Содиротбонк», «Амонатбонк», корхонаи «Фармасевт» пурра ба охир расид. Бунёди иншооти дигари таъиноти маъмурӣ-мақомоти корҳои дохилӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, идораи шуғли аҳолӣ, ҳифзи табиат ва мумфарш кардани роҳҳои мошингард идома дорад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






