Ифтитоҳи мактаби нав дар Данғара

Сентябрь 25, 2012 10:23

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боз як махзани саводу маърифат — мактаби таҳсилоти умумии рақами 70 дар ноҳияи Данғара, ки бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид.
Президенти кишвар зимни суханронии худ ифтитоҳи мактаби навро ба падару модарон ва хонандагон муборак гуфта, ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин макони илму маърифат саҳм гузоштаанд, арзи сипос намуд.Мавриди зикри хос аст, ки то имрӯз бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ ва толорҳои замонавии варзишӣ бунёд гардида, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ин ҳама аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва нияти неки созандагии онҳо шаҳодат медиҳад.Мактаби навбунёди имрӯза аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таълимии хусусӣ дар қаламрави мамлакат ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо маблағи зиёда аз 16 миллион сомонӣ дар давоми 170 рӯз ва бо заҳмати шабонарӯзии 240 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ сохта шудааст.Мактаб аз се ошёна, 18 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад. Ҳамзамон бо ин, мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва илмҳои дақиқ мебошад ва барои таҳсили 640 нафар хонанда (қариб 1300 нафар хонанда дар ду баст) пешбинӣ гардидааст. «Ин амали хайри анҷомдодаи соҳибкори ватанӣ беҳтарин тӯҳфа барои мардуми ноҳияи Данғара ва фарзандони онҳо ва дар айни замон натиҷаи шоистаи раванди ободкориву созандагии кишвари азизамон маънидод шуд»,-таъкид намуд зимни суханронии худ Сарвари давлат.Зикр карда шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Данғара 68 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи томактабӣ бо фарогирии беш аз 30 ҳазор хонанда ва тарбиятгирандагон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо зиёда аз 1300 нафар омӯзгорону мураббиён бо таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.Маврид ба ёдоварист, ки дар соли таҳсили гузашта 24 нафар шогирдони мактабҳои ноҳияи Данғара сазовори 4 медали тилло, 9 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд. Онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 5 медали тилло ва 3 медали нуқра шудаанд, инчунин 91 нафар хатмкунандагон дар мактабҳои олии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.

Сентябрь 25, 2012 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд