Иштироки Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 1, 2012 08:42

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз, 1 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.Субҳи барвақт, қабл аз мактаб, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба маҷмааи биноҳои навбунёди Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуд.Тавре зикр гардид, ин маҷмаа аз биноҳои дармонгоҳ, шифохона бо 100 кати хоб, комиссияи марказии тиббии ҳарбӣ ва маркази барқарорсозии саломатӣ, ки бо шароити монанд ба осоишгоҳ бунёд ёфтааст, иборат мебошад. Ҳамаи ин биноҳо бо таҷҳизоти нави замонавӣ ва шароити хуби хизматрасонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Дармонгоҳи он дар як рӯз метавонад ба зиёда аз 300 нафар хизмати тиббӣ расонад. Дар утоқҳои ҷарроҳии он шароити гузарондани тамоми намудҳои ин амалиёт, ғайр аз ҷарроҳии дил муҳайё аст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити дар ин ҷо барои муоинаю ташхис ва табобату солимгардонӣ муҳайёгардида баҳои баланд дода, ба масъулин дастур дод, ки хизматрасониро ба беморону ниёзмандон дар сатҳи баланд ва бо ғамхорию шафқати матлуб ба роҳ монанд.Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби байналмилалии президентӣ, ки бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1100 нафар хонандаи хушлаёқат пешбинӣ шудааст, ташриф оварда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Чунонки аён гардид, ин мактаби боҳашамат аз биноҳои таълимӣ, толори бузурги маҷлисӣ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳи калон барои намудҳои гуногун, ду хобгоҳи алоҳида барои духтарону писарон бо 1100 ҷойи хоб, хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва дигар биноҳои ёрирасон иборат аст.Зимни суҳбат бо аҳли мактаб ва масъулини соҳаи маориф, аз ҷумла зикр гардид, ки ба ин муассисаи бонуфузи таълимӣ ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон танҳо аз роҳи озмун пазируфта мешаванд. Забони асосии таълим дар ин мактаб англисӣ мебошад, аз ин хотир ҳамаи нафароне, ки дар ин ҷо кору таҳсил мекунанд, бояд донандагони хуби ин забон бошанд. Албатта дарсҳои забону адабиёти тоҷик ва таърихи Тоҷикистон бо тоҷикӣ ва русию дигар забонҳо мутаносибан бо ҳамин забонҳо ба роҳ монда мешаванд.Барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани дарсҳо беҳтарин омӯзгорон аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд.Тавре аён гардид, синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои фаннии биноҳои таълимӣ бо навтарин дастовардҳои ҷаҳонии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ, дастгоҳҳои техникии озмоишӣ ва ҳунаромӯзии писарону духтарон муҷаҳҳаз гардидааст. Барномаҳои таълимӣ дар заминаи санадҳои Донишгоҳҳои Кембриҷу Окфорд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, бо назардошти ниёзҳо ва арзишҳои миллии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидаанд.Бо ҳамин гуна шароити муосир, ҳамчунин толорҳои маҷлисӣ, ошхонаи мактабӣ, толорҳои бузурги варзишӣ, ки барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, тенниси калон пешбинӣ шудаанд, варзишгоҳи калон, ошхонаҳои омӯзгорону хонандагон ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.Ду бинои алоҳидаи хобгоҳ, ки яке барои писарон ва дувумӣ барои духтарон пешбинӣ шудааст, метавонад то 1100 нафар хонандагонро фаро бигирад.Як бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон бунёд ёфтааст, ки дорои 28 хонаи як ва дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зисти доимӣ мебошанд.Зимни сухаронӣ дар толори бузургу бошукуҳи мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли ин ва дигар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамчунин ҳамаи мардуми кишварро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи Дониш табрику таҳният гуфт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тадбирҳои бесобиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмону навсозии муассисаҳои муосири таҳсилотӣ ва муҳайёсозии беҳтарин шароити таълиму тарбия дар онҳо насли навраси кишварро ба омӯзиши амиқи илму дониш ва техникаю технологияҳои зуд рушдёбанда ҳидоят намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 1, 2012 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд