Истиқлолият — фардои неки инсоният

Сентябрь 8, 2012 13:44

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар»)- Истиқлолият дар баробари он, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии мардум нақши мусбат дорад, инчунин саҳми он дар баёни андешаи озоди аҳли қалам, рӯзноманигорону адибон хеле назаррас аст.  Дар арафаи таҷлили 21-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайруллоҳ бо се тан аз аҳли қалам – Нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Кароматулло Мирзоев, сардабири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр ҳамдамов ва сармуҳаррири оҷонсии «Озодагон» Хилватшоҳи Маҳмуд сӯҳбат орост, ки фишурдаи онро мавриди диди шумо қарор медиҳем. Кароматулло Мирзоев: 9-уми сентябр — рӯзи иди миллати мо ҷашни басо мӯътабар аст. Инак 21 сол мешавад, ки кишвари мо соҳибистиқлол гаштааст.Соҳибистиқлол гардидани давлат орзуву ормони ҳар яки мо буд ва хушбахтона мо ба ин мақсади худ расидем. Ҳарчанд ки барои расидан ба ҳадафҳои худ мо мушкилиҳои зиёдро паси сар намудем.Имрӯз пойтахти мамлакат, ки симои кишвар ба ҳисоб меравад, хеле зебою дилфиреб гардидааст, биноҳои баландошёна дар он қомат афрохтаанд, корхонаҳои зиёде дар пойтахт ва инчунин дар саросари мамлакат сохта ба истифода дода мешаванд.Истиқлолият барои адибон низ чизи аз ҳама муҳим — озодии андеша, озодии суханро дод, ки мо имрӯз метавонем ҳақиқатро рӯи коғаз оварем. Дар давраи соҳибистиқлолӣ худи ман сазовори унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гардидам. Хушбахт аз он ҳастам, ки дар фазои пурсуботи кишвари азизам зиндагӣ ва кору эҷод менамоям. Ҷашни истиқлолро ба мардуми шарифи Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Бахтиёр Ҳамдамов: Ҳар як давлат танҳо дар ҳолати ба даст овардани истиқлолият метавонад худро ҳамчун миллати баруманд муаррифӣ намояд. Масалан, миллатҳои зиёде ҳастанд, ки таърихи куҳан доранд ва дар гузашта соҳиби давлату ҳукумати худ буданд, вале натавонистанд мустақилияти худро нигоҳ доранд. Агар ба таърихи кишвари худ назар афканем, пайхас мекунем, ки мардуми мо низ дар роҳи ба даст овардани истиқлолият ҷонбозиҳои зиёде кардаанд ва ниҳоятан тавонистанд дар арсаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун миллати дорои давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намоянд. Ин аст, ки мо имрӯз метавонем дар радифи миллатҳои дигар фикру андешаҳои худро аз минбарҳои баланд озодона баён намоем. Аз ин рӯ, бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки дастоварди асосии истиқлолият- ин озодии комили миллист ва ман ҳамаи мардуми азизи Тоҷикистонро бо 21-умин солгарди ин озодӣ таҳният мегӯям. Хилватшоҳи Маҳмуд: Барои ҳар миллату кишваре дар қораи дунё истиқлолият шарти зарурӣ ва аслии эътироф шудани марзу буми он маҳсуб гардида, эхёкунандаи зарфият ва тавоноии давлат аст.Тоҷикистон низ дар пойизи соли 1991, аниқтараш рӯзи 9-уми сентябр ба Истиқлол расиду парлумони вақт Эъломияи истиқлоли кишварро тасвиб кард. Тӯли 21 сол, ки мо соҳибистиқлолем, Тоҷикистон давраи мушкил ва бӯхронзоеро пушти сар карда, ҳамакнун ба даври дигари рушд ва пешрафт қадам мегузорад. Доштани арзи миллӣ, марзи муайян, артиши миллӣ, рамзу нишони миллӣ, Сарқонун ва дигар рукнҳои давлатдорӣ аз ифтихороти милливу истиқлолдории мо дарак медиҳанд. Истиқлолият пешорӯи мо вазифаҳои зиёде гузошта, ки то расидан ба онҳо марҳилаҳои таърихсозро бояд пушти сар кунем. Ба назари ман пешравӣ ё худ комёбии аслии тоҷикистониён пас аз касби истиқлол- мусолихаи миллии соли 1997 аст. Истиқлолият шарҳу тафсири зиёдатӣ надорад. Он ормони ҳар миллат, орзуи ҳар халқ ва умеду боварӣ ба фардои неки инсоният аст.  

Сентябрь 8, 2012 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад